IQNA

Барномаи роҳбурдии Ироқ барои тавсеаи гардишгарии мазҳабӣ ва зиёратӣ

8:59 - August 14, 2023
рақами хабар: 339
Ироқ (ИКНА) Вазорати фарҳанг, гардишгарӣ ва осори бостонии Ироқ аз иқдом барои таҳияи барномаи роҳбурдии тавсеаи гардишгарии мазҳабӣ ва зиёратӣ ва бозсозии зиёратгоҳҳои тахрибшуда аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ хабар дод.

Ба гузориши Мидил Ист Ниюз, ин вазоратхона дар остонаи бозсозии теъдоде аз зиёратгоҳҳои динӣ дар устони Найнаво аст.

Факкок Бадронӣ, вазири фарҳанг, гардишгарӣ ва осори бостонии Ироқ гуфт, ки ин барнома бар чандин ҷанба аз ҷумла сармоя гузорӣ, тавсеа ва бозсозии зерсохтҳои таъсисоти гардишгарӣ ва зиёратгоҳҳои мазҳабӣ такя дорад.

Вай афзуд, ки ин барномаҳо барои тавсеаи бахшҳои гардишгарии муҳим ва шомили ду ҷанба аст, нахуст таваҷҷуҳ ба шаҳрҳои муқаддас ва дигарӣ ихтисос ба идораи гардишгарӣ дорад монанди гашту гузор дар осори бостонӣ шаҳри таърихии Ур ва боздид аз зиёратгоҳҳои Анбиё дар бархе устонҳо аз ҷумла Найнаво, ки зиёратгоҳи паёмбароне чун ҳазрати Юнус(а), ҳазрати Донёл(ъ), ҳазрати Ҷерҷис(а), ҳазрати Шис(а) ва дигар паёмбарон дар он воқеъ шуда ва тавассути гурӯҳҳои террористӣ тхриб шудааст.

Бадронӣ идома дод: дар ҳоли ҳозир ин зиёратгоҳҳо бо ҳамкории созмонҳои ҷомеаи маданӣ ва бархе хайирон дар ҳоли бозсозӣ ва тавсеааст ва дар остонаи поёни фароянди бозсозӣ ҳастем.

Ҳамчунин марокизи дигаре дар Бағдод аз ҷумла Ал-Қашла, Шореъур-Рашид ва осор исломии қадим дар ҳоли бозсозӣ аст.

https://iqna.ir/00HSmA

captcha