Теҳрон (ИКНА) инсон аз кӯдакӣ то бузургсолӣ мароҳили мухталиферо пушти сар мегузорад. Ин мароҳил ба далели шароит ва вижагиҳои зотии синини мухталиф аз якдигар мутафовит мешаванд. Ба унвони мисол дар кӯдакӣ ҳамвора машғули бозӣ кардан аст ва вақте бузург мешавад, талош мекунад зиндагии худро густариш диҳад.

Панҷоҳу ҳафтумин сураи Қуръони Карим “Ҳадид” ном дорад. Ин сура бо 29 оят дар ҷузъи 27 Қуръони Карим ҷой гирифтааст. “Ҳадид” аз сураҳои маданӣ аст ва дар тартиби нузул, наваду чаҳорумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
Номгузории ин сура ба далели омадани вожаи Ҳадид ба маънои оҳан дар ояти бисту панҷум аст.
Дар ин сура ба мавзӯъоти монанди тавҳид, сифоти илоҳӣ, азамати Қуръон ва вазъи мӯъминон ва мунофиқон дар қиёмат пардохта шудааст. Дар сураи Ҳадид ба достони бархе аз Паёмбарон монанди Нӯҳ, Иброҳим ва расидани ҳазрати Исо ба мақоми Паёмбарӣ ва нузули Инҷил пардохта шудааст. Хилқати офариниш дар шаш рӯз аз дигар мавзӯъоти ин сура маҳсуб мешавад.
Оёти нахустини сура ба сурати комил ба мавзӯъи тавҳид ва сифоти Худованд пардохтааст ва ҳудуди бист сифат аз сифоти илоҳиро баршумурдааст.
Дар ин сура ба гардиши шаб ва рӯз ва кӯтоҳ ва баланд шудани он ду бо ихтилофи фаслҳои сол ба унвони яке аз нишонаҳои қудрат ва фармонравоӣ Худо дар осмонҳо ва замин ишора шудааст.
Ҳамчунин ба азамат ва вижагиҳои Қуръони Карим мепардозад. Баёни вазъияти ду гурӯҳи мӯъминон ва мунофиқон дар рӯзи қиёмат аз дигар мавзӯъоти ин сура аст, ки ба ин баҳона ба сарнавишти гурӯҳе аз ақвоми пешин, ки ба Худованд имон надоштанд, ишора мекунад.
Ин сура зиндагии инсонро ба 5 марҳала тақсим мекунад, ки шомили: бозӣ, саргармӣ, зинат, бартарӣ ҷӯӣ байни мардум ва зиёдахоҳӣ дар дороиҳо ва фарзандон мешавад. Ин вижагиҳо мутобиқ бо мароҳили мухталифи зиндагии инсон аз кӯдакӣ то бузургсолӣ аст.
Бахши муҳимме аз ин сура дар мавриди бахшиш дар роҳи Худо ва беарзиш будани амволи дунё аст. Дар бахши кӯтоҳе низ ба мавзӯъи адолати иҷтимоӣ ба унвони яке аз аҳдофи муҳимми Анбиёи илоҳӣ мепардозад.
Масъалаи тарки дунё ва инзивои иҷтимоӣ низ мавриди накӯҳиш қарор гирифта, ва масири Ислом ва равиши зиндагии мусулмононро аз ин шева ҷудо мекунад.