IQNA

Сатҳи поини тиловатҳо дар севумин рӯзи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Малайзия

11:23 - August 23, 2023
рақами хабар: 369
Малайзия (ИКНА) севумин рӯзи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия дар ҳоле ба поён расид, ки дар ин рӯз ва дар риштаи қироати таҳқиқ шоҳиди тиловатҳое чандон сатҳи болое набудем, тиловатҳое, ки ба назар мерасад натавониста бошад назари мустамиъин дар салон ва гурӯҳи доварии қадимитарин мусобиқоти Қуръони дунёро ҷалб кунад.

Ба гузориши манбаъ, севумин рӯз аз шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия аз субҳи рӯзи душанбе, 21 август ба вақти маҳаллӣ дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим дар ду бахши бонувон ва оқоён оғоз шуд ва бо баргузории мусобиқот дар риштаи қироати таҳқиқ дар навбати баъд аз зуҳр ва аср ба кори худ идома дод.

Дар навбати баъд аз зуҳр ибтидо Аён Аҳмад Инан, намояндаи кишвари Малдавия ба тиловати оёте аз Каломулоҳ пардохт. Қории навҷавоне, ки омада буд то дар қадимитарин рӯйдоди рақобатии дунё сатҳи тиловати худ ва аёри қориёни Малдавияро дар маърази намоиш қарор диҳад. 

Бар асоси гузориши ИКНА, дувумин қорӣ рӯзи севуми мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия, Аммор Ҷикиҷ, аз кишвар Хорватия буд, ки ба тиловати оёте аз сураи муборакаи Муҷодила пардохт. 

Севумин қорӣ рӯзи севуми мусобиқоти байналмилалии Қуръон кишвари Малайзия, Маҳмуд Даёлу, аз кишвари Гвинея буд, ки беҳтар аз дигар қорёни ин рӯз тиловат кард. Нуктаи ҷолиби тиловати ин қории аҳли Гвинея, кулоҳи ӯ буд, ки монеъ аз сабт ва забти чеҳраи ӯ аз сӯи дӯрбинҳои ҳозир дар салон шуд. Бар асоси изҳороти қорёне, ки дар мусобиқоти Малайзия ширкат кардаанд, дар муқаррароти мусобиқоти Малайзия таъкид шудааст ҳар қорӣ либоси миллии кишвари худро бипушад ва ширкат кунад. Қории аҳли Гвинея ба хубӣ ин банд аз муқарраротро риоят карда буд. 

Чаҳорумин ширкаткунанда дар рӯзи севуми мусобиқот дар риштаи қироати таҳқиқи оқоён, Надим Сулаймон Худобахш аз Фаронса буд, ки тиловати бекайфияте аз худ ба намоиш гузошт.

Қории дигари рӯзи севуми мусобиқот, Муҳаммад Алӣ Андао, аз кишвари Сенегал буд, ки ӯ низ тиловати заифе аз худ ба намоиш гузошт. Охирин қории рӯзи севуми мусобиқоти Малайзия, Аҳмад Халилӣ, аз кишвари Словения буд, ки ӯ низ ҳамчун дигар қорёни ин рӯз тиловати мутавасситеро аз худ нишон дод.

https://iqna.ir/fa/news/4164068

captcha