Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин мусобиқот ба ҳиммати вазорати умури исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистон дар бахшҳои ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръон дар Масҷидулҳаром баргузор шудааст ва "Малик Салмон ибни Абдулазиз", подшоҳи Арабистон бар он назорат дорад.
Дар нахустин рӯзи ин рақобатҳо, ки бо маросими ифтитоҳия ҳамроҳ буд, 18 ширкаткунанда аз 18 кишвар дар риштаҳои мухталиф, дар баробари кумитаи доварӣ ба рақобат бо якдигар пардохтанд.
166 ширкат кунанда аз 117 кишвари ҷаҳон дар ин рақобатҳо ҳузур доранд ва 4 миллион риёл саудӣ ба унвони ҷоиза барои нафароти бартар дар назар гирифта шудааст.
Ин мусобиқот ба муддати 11 рӯз дар Масҷидулҳаром идома дорад ва дар ду навбати субҳ ва аср баргузор хоҳад шуд.
"Ҳифзи кулли Қуръон бо қироатҳои ҳафтгона бо ҳусни адо ва таҷвид", "ҳифзи кулли Қуръон бо ҳусни адо ва таҷвид ва тафсири вожагони Қуръон", "ҳифзи кулли Қуръон бо ҳусни адо ва таҷвид", "ҳифзи 15 ҷузъи мутаволии Қуръон бо ҳусни адо ва таҷвид" ва "ҳифзи панҷ ҷузъи мутаволии Қуръон бо ҳусни адо ва таҷвид" аз ановини риштаҳои ин рақобат эълом шудааст.
https://iqna.ir/00HTUd