IQNA

11:48 - May 27, 2023
рақами хабар: 38

Рушди ҷамъияти мусулмонон дар Япония

Истиқбол аз тағйири сабки зиндагӣ дар ҷомеаи Япония боиси рушди ҷамъияти мусулмонон дар ин кишвар шудааст.

Рушди ҷамъияти мусулмонон дар Япония

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Asahi Shimbun”-и Япония натанҳо сарзамини маъобид ва зиёратгоҳҳо аст, балки хонаи масоҷид низ ҳаст. Издивоҷ байн мусулмонон ва шаҳрвандони Япония тайи ду даҳаи ахир боиси рушди ҷамъияти мусулмонон ва афзоиши ҳафт баробарии теъдоди масоҷид шудааст.

“Хирофуми Танада” (Hirofumi Tanada), устоди бознишастаи ҷомеашинос дар Донишгоҳи Васеда дар Токио, бар ин бовар аст, ки Япония акнун хонаи беш аз 200 ҳазор мусулмон аст.

Мутолиае, ки тавассути Хирофуми Танада ва ҳамкоронаш анҷом шуд, нишон дод, ки дар марти 2021, 113 масҷид дар саросари Япония вуҷуд дошт, ки дар соли 1999 танҳо 15 масҷид буд.

Мутолиаи онҳо нишон дод, ки то поёни соли 2020 ҳудуди 230 ҳазор мусулмон, Японияро хонаи худ медонанд.

Аз ин теъдод, шаҳрвандони японияӣ ва касоне, ки аз тариқи издивоҷ ва соири шароит ба иқомати доим даст ёфта буданд, ҳудуди 47 ҳазор нафарро ташкил медоданд, ки беш аз ду баробар тахмин зада шуда дар як даҳаи қабл будааст.

Хирофуми Танада гуфт: бисёре аз онҳо аз тариқи издивоҷ мусулмон шуданд. Теъдоди физояндае низ ба майли худ мусулмон мешаванд; Замоне масоҷид дар Япония манзараи нодире буданд, аммо дигар на.

Масҷиди Истиқлоли Осака, соли гузашта дар бахши Нишинари Осака ва дар як сохтумони қадимии корхона ифтитоҳ шуд. Ҳазинаҳои навсозӣ бештар аз тариқи кумакҳои молии Индонезияоиҳо таъмин шуд.

Ҳеризал Адҳардӣ (Herizal Adhardi), як индонезияӣ 46 сола, ки риёсати ниҳоди идоракунандаи масҷиди Истиқлоли Осакаро бар ӯҳда дорад, гуфт: умедворем ин масҷидро ба маконе табдил кунем, ки ҳамаи мусулмонон бо хиёли роҳат аз он боздид кунанд.

Хирофуми Укай (Hirofumi Okai), донишёри ҷомеашинос дар донишгоҳи Киото Сангю гуфт: мо Японияиҳо қаблан бо мусулмонон ноошно будем. Акнун, ки онҳо ҳамсоягони мо ҳастанд, бояд ба ин фикр кунем, ки чигуна бо онҳо дар ин ҷомеаи дар ҳоли танаввӯъ зиндагӣ кунем.

https://iqna.ir/fa/news/4143415

captcha