Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Islamfond.ru, ин намоишгоҳ аз рӯзи гузашта 30 август оғоз шуд ва то 3-уми сентябр дар Маскав идома хоҳад дошт.
Бунёди ибни Сино барои 14-умин бор дар намоишгоҳи байналмилалии Китоби Маскав ширкат хоҳад кард ва ин бунёд ва интишороти Садро дар ғурфаи A-37 бо беш аз сесад асар дар мавзӯъоти улуми қуръонӣ, иқтисоди исломӣ, ҳуқуқ, ҳунари исломӣ, забону адабиёти форсӣ, фалсафа, ирфон ва китобҳои кӯдаку навҷавон дар ин намоишгоҳ ҳузур хоҳад дошт.
Ҳамчунин тозаҳои мунташир шуда дар соли 2023 тавассути Бунёди ибни Сино ва интишороти садро ба алоқамандон муаррифӣ хоҳад шуд.
Нусхаи нафиси Қуръони Карим бо тарҷумаи русӣ” бо тарҷумаи ҷамъе аз мутарҷимон.
Ин нусха аз Қуръон бо ҳимояти Бунёди ибни Сино ва бо тарроҳии зебо дар сафҳаороӣ ва тарҷумаи “Борис Норик” тавассути интишороти Садро (Маскав) бо ҳамкории интишороти Паёми адолат дар Теҳрони мунташир шудааст.
Сиҳҳати китобати ин мусҳафи шариф аз тарафи Созмони дор-ул-қуръон ал-карими Теҳрони мавриди таъиди қарор гирифта ва ин Қуръон дорои сафаҳоте бо тазҳиби чашмнавозу коғази Маргано (муаттар) аст ва аз чарми сунъӣ бо қоби сандуқе барои ҷилд истифода шудааст.
Дар 36-умин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Маскав беш аз 300 ношири дохилӣ ва хориҷӣ аз шаҳрҳои мухталифи Русия ва кишварҳое монанди Беларус, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин ҳузур доранд.
Соати кори намоишгоҳи 30 август то 3 сентябри 2023 аз соати 10 то 20 ба вақти маҳаллӣ эълон шудааст ва алоқамандон барои касби иттилооти бештар ва таҳия билет метавонанд ба сайти http://mibf.info/ муроҷиат намоянд.