Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Анатолия, Габриэл Аттал ба “France Inter” гуфт: аз онҳо (донишомӯзони мусалмон) дар мактаб истиқбол хоҳад шуд ва барои далели тасмимгирӣ ва инки чаро онҳо наметавонанд дар мактаб ҳиҷоб пӯшанд, тавзеҳ дода мешавад.
Соли хониши ҷадиди Фаронса аз душанбеи ҳафтаи ҷорӣ оғоз мешавад.
Аттал гуфт: донишомӯзоне, ки чунин либосҳое ба тан доранд, иҷозаи вуруд ба сохтимони мактабро хоҳанд дошт, аммо дар синфи ширкат нахоҳанд кард. Дар иваз, онҳо барои тавзеҳ дар мавриди интихоби либоси худ ба дафтари мактаб фиристода мешаванд.
Дар солҳои ахир, давлати Фаронса ба далели ҳадаф қарордодани мусалмонон бо баёнияҳо ва сиёсатҳое аз ҷумла юриш ба масоҷид, бунёдҳои хайрияву иҷрои қонуни “зидди ҷудои талабӣ” (қавонине, ки ба шиддат муассисоту созмонҳои исломиро маҳдуд мекунад), ки маҳдӯдиятҳои густардаеро бар ҷомеаи мусалмонон эъмол мекунад, мавриди интиқод қарор гирифтааст.