
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Ал-Масри ал-Явм”, дастгоҳи амнияти умумии Арабистони Саудӣ аз оғози иҷрои дастуруламалҳои марбут ба ҳаҷҷи 1444 ҳиҷрии қамарӣ хабар дод.
Бар асоси ин дастуруламал аз рӯзи душанбе, 15 май вуруд ба шаҳри Маккаи Мукаррама барои сокинони ин кишвар низ бо гирифтани муҷаввиз аз мароҷеи мутахассис имконпазир аст.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки сокинони Арабистони Саудӣ, ки дар марокиз ва постҳои кантроли амниятӣ мунтаҳӣ ба шаҳри Маккаи Мукаррама муҷаввизи худро ироа надиҳанд, ба ҳамон ҷое, ки омадаанд бозгардонда мешаванд ва фақат касоне, ки муҷаввизи кор дар Маккаи Мукаррамаро аз тарафҳои зирабт дарёфт карданд ё мадорики онҳо гувоҳи сукунати онҳо дар Маккаи Мукаррама аст ё визаи Умра ё визаи ҳаҷ дошта бошанд, имкони вуруд ба шаҳрро доранд.
https://iqna.ir/fa/news/4141034