IQNA

Афзоиши теъдоди шветсияиҳои мухолифи сӯзондани Қуръон

11:43 - September 02, 2023
рақами хабар: 400
Бар асоси охирин назарсанҷие, ки тавассути ширкати назарсанҷии Шветсия “SIFO” анҷом шудааст, теъдоди бештаре аз мардуми ин кишвар зидди беҳурматӣ ба муқаддасот ва қуръонсӯзӣ мебошанд.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Daily Sabah, бар асоси ин назарсанҷии ҷадид 53 дарсади шаҳрвандони Шветсия мухолифи беҳурматӣ ба китобҳои муқаддас, 37 дарсади онҳо мувофиқ ҳастанд ва 10 дарсади онҳо низ назаре надодаанд.

Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад теъдоди афроди мухолифи қуръонсӯзӣ дар ин кишвар нисбат ба назарсанҷии қаблӣ ду дарсад афзоиш ёфтааст.

Афзоиши ҳимояти умумӣ аз аъмоли мамнуъияти қонунӣ барои иҳонат ба китобҳои муқаддас дар Шветсия дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти ин кишвар ба дунболи баҳс дар мавриди тасвиби муқаррароте ҳастанд, ки аз иқдомоти таҳрикомез алайҳи Қуръон ҷилавгирӣ мекунад.

Ин назарсанҷӣ бо мушорикати ҳазору 291 шаҳрванди Шветсия, ки ба таври тасодуфӣ интихоб шуда буданд дар таърихи 15 то 27 август  анҷом шудааст.

Давлати Шветсия ва мухолифони иҳонат ба кутуби муқаддас дар ин кишвар дар ҳоли омода шудан барои тағйири қавонини ин кишвар ва эъмоли маҳдудияти қонунӣ барои ҳатки ҳурмат ба кутуби муқаддас аз ҷумла Қуръон ҳастанд. Давлати ин кишвар дар авоили моҳи ҷорӣ эълон кард, ки дар ҳоли баррасии қонуни назми умумӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши иҳонат ба Қуръон дар ин кишвар аст.

Вазири додгустарии Шветсия дар як конфронси матбуотӣ, гуфт: гузорише дар бораи ин қонун ҳаддиаксар то аввали июл 2024  ба порлумон ироа хоҳад шуд.

Magdalena Andersson, раиси ҳизби мухолифи давлати Шветсия рӯзи чоршанбе гуфт, ки дар ҳоли баррасии ислоҳияи қонуни назми умумӣ аст, ки бар асоси он сӯзондани Қуръонро ҷинояти нафратангез шинохта ва ҷурм медонад.

Ҳафтаи гузашта вазири додгустарии Дания низ ба хабарнигорон гуфт: давлат лоиҳаеро ироа хоҳад кард, ки бар асоси он рафтори номуносиб бо намодҳои мазҳабии муҳимми мутааллиқ ба як ҷомеаи мазҳабӣ мамнӯъ шавад. Вай афзуд: ҳадафи ин қонун мамониат аз сӯзондану ҳатки ҳурмат дар маконҳои умумӣ аст. Ин иқдоми Дания бо истиқболи кишварҳои исломӣ рӯбарӯ шудааст.

captcha