IQNA

Сураҳои Қуръон/65

Шарҳи аҳкоми ҷудо шудани зану шавҳар дар Ислом

9:51 - September 03, 2023
рақами хабар: 402
Дини Ислом ба мавзӯи хонавода аҳамияти вижае қоил аст ва барои ҳар як аз аъзои хонавода вазифаҳои хосе муқаррар шудааст то аъзои хонавода бо муҳаббату самимият дар канори якдигар бошанд, аммо барои зану шавҳарҳое, ки дучори ихтилофи шадид ҳастанд низ роҳи ҳалле баён шудааст.

65-умин сураи Қуръони Карим “Талоқ” ном дорад. Ин сура бо 12 оят дар ҷузъи 28-ум қарор гирифтааст. Ин сура, ки маданӣ мебошад дар тартиби нузул, 99-умин сураест, ки бар Паёмбар (с) нозил шудааст.

Номгузории ин сура ба номи Талоқ ба далели ишора ба аҳкоми ҷудо шудани зану шавҳар аз якдигар аз нигоҳи Ислом аст. Беш аз ниме аз ин сура ба ин мавзӯъ ихтисос дода шудааст.

Дар бахши аввали сураи Талоқ куллиёте дар бораи аҳкоми талоқ ҳамроҳ бо ҳушдору таҳдид ва башорат сухан гуфта шуда ва дар бахши дувум ба азамати Худованд, ҷойгоҳи Паёмбар (с), подоши некӯкорон ва муҷозоти бадкорон ишора шудааст.

Сураи Талоқро дар бардорандаи куллиёте дар бораи аҳкоми талоқ ба ҳамроҳи насиҳатҳо, таҳдидҳо ва башоратҳое донистаанд. Ин сура илова бар қонунҳои марбут ба талоқ, занони ҷудошуда, талоқ дода шуда ва ҳуқуқи занони бордори ҷудошуда, ба сарнавишти ҷомеаҳо ва гуруҳҳои гузашта ҷиҳати ибрати ояндагон ишора мекунад. Сухан аз тавҳид, қиёмат, набувват, тавсифи афрод бо тақво, ҳамчунин супориш ба тақво ва таваккул бар Худованд аз дигар мавзӯъҳои сураи Талоқ мебошад.

Дар ин сура ба сарнавишти ду гуруҳ ишора шудааст; аввал марбут ба касоне аст, ки аз фармони Худо сарпечӣ карда ва ба муҷозоти сахту сангине расидаанд, дувум касоне, ки бо корҳои хуб ва пайравӣ аз паёмбарон, ҳидоятҳои вижаи илоҳӣ ва неъматҳои биҳиштӣ шомили ҳоли онон мешавад.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, сураи Талоқ, аҳкоми ҷудо шудани зану шавҳар, аҳкоми хонавода дар Ислом

captcha