IQNA

Муаррифии тафосир ва муфассирон/12

Рӯҳ-ул-Маъонӣ; муфассалтарин тафсири аҳли суннат

14:23 - September 04, 2023
рақами хабар: 410
Рӯҳ-ул-Маъонӣ густардатарин тафсирва ҷомеътарини он дар навъи худ миёни аҳли суннат аст. Ин асар дидгоҳи гузаштагонро бо амонатдорӣ баён карда ва хулосае аз тафосири пеш аз худ маҳсуб мешавад.

Ба гузориши ИКНО, “Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Аъзим вассабъ ал-масонӣ” асари Маҳмуд Бен Абдуллоҳи Олусӣ аз тафосири тӯлонӣ ва муфассали аҳли суннат ба забони арабӣ аст. “Рӯҳ-ул-маъонӣ” тафсире ақлӣ ва иҷтиҳодӣ аст, ки равиши адабиро дар пеш мегирад.

Тафсири Олусӣ густардатарин тафсирест, ки пас аз тафсири Фахри Розӣ ба шиваи куҳан навишта шудааст ва метавон гуфт нусхаи дувуми тафсири Розӣ мебошад, вале бо андаке тағйир дар 16 ҷилд нашр шудааст. Ин тафсир, як доира-тул-маъориф тафсирии тӯлонӣ ва муфассал аст, ки тақрибан аз ҳаҷму ҳудуди тафсирӣ хориҷ шудааст.

Дар бораи нависанда

Абуссано Сайидмаҳмуд Шаҳобиддини Афандӣ (1217-1270қ/1802-1854м), фақиҳ, муфассир, адиб ва олими динии Бағдод буд. Сайидмаҳмуд аз кӯдакӣ назди падару ҷамъе аз устодони адабиёт дарс хонд ва ба сабаби ҳушу ҳофизаи қавӣ дар касби илм ба суръат пеш рафт.

Ӯ ба зудӣ дар шумори устодони бузург даромад ва мулаққаб ба “Аллома” шуд. Ӯ шофии мазҳаб буд, дар 1832 мелодӣ ба сабаби итилоъ аз фиқҳи мазоҳиби дигар ва шояд гароиш ба орои Абуҳанифа, муфтии пайравони мазҳаби ҳанафӣ шуд.

Ангезаи таълиф

Олусӣ дар муқаддамаи тафсири худ менависад, ки аз даврони кӯдакӣ дунболи кашфи асрори Қуръон будааст ва онро аз Худованд хостааст. Ӯ кӯдакӣ ва бозиҳои онро ва ҳамчунин навҷавонӣ ва шаҳавоти онро канор гузошта ва ба ин фикр машғӯл буд.

Даврони ҷавонии худро ба мутолиа дар бораи Қуръон сипарӣ кард то Худованд ин тавфиқро ба ӯ дод ва қабл аз 20 солагӣ ба “Дақоиқ-у-ттафсир”-ро дар бораи суолоте перомуни Қуръон навишт.

Ӯ дар сини 43 солагӣ навиштани тафсирро оғоз кард ва дар соли 1850 мелодӣ ба поён расонд ва номи онро “Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Аъзим вассабъ ал-масонӣ” гузошт.

Вижагиҳои тафсири Рӯҳ-ул-маъонӣ

Рӯҳ-ул-Маъонӣ густардатарин тафсир ва ҷомеътарини он дар навъи худ миёни аҳли суннат аст. Ин асар дидгоҳи гузаштагонро бо амонатдорӣ баён карда ва хулосае аз тафосири пеш аз худ маҳсуб мешавад. Олусӣ аз тафосире монанди Ибни Атияҳ, Абӯ Ҳайён, Кашшоф, Абу-с-сауд, Байзовӣ, Фахри Розӣ ва дигарон истифодаи фаровон кардааст ва зимни нақли дидгоҳи онҳо ба нақди дидгоҳи онҳо низ пардохтааст.

Ӯ беш аз ҳама аз Фахри Розӣ баҳра бурда ва аҳёнан бахшҳое аз манқулоти Розиро нақд кардааст.

Калидвожаҳо: Тафсири Қуръон, Олусӣ, Муфассалтарин тафсир

captcha