Ба гузориши ИКНО, як мавкиби масеҳӣ бо унвони “Ишқи Ҳусайн моро ба ҳам наздик мекунад” дар ироаи хадамот ба зоирони Арбаин ширкат мекунад.
Дар масири пиёдаравии зоирони Арбаин байни Наҷаф ва Карбало, ки пур аз мавкибҳое аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва мазоҳибу адёни мухталиф аст ва ҳама ба зоирони Эмом Ҳусайн (а) ва бародараш Аббос (а) хадамот ироа мекунанд, як мавкиби масеҳӣ низ вуҷуд дорад.
Ин мавкиб бо шиори “Ишқи Ҳусайн моро ба ҳам наздик мекунад”, шомили теъдоде аз Масеҳиён ва мусалмонон аст, ки дарҳоли хизмат ба зоирони Арбаин ҳастанд ва онҳо ғизову нӯшиданӣ ва хадамоти дигар ироа мекунанд.
Миллионҳо мусалмон дар саросари ҷаҳон Арбаинро, ки 40-умин рӯзи шаҳодати Эмом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар рӯзи Ошуро аст, гиромӣ медоранд.
Арбаини Эмом Ҳусайн (а) бузургтарин рӯйдоди башарӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва тайи он дастаҳои азодорӣ барпо мешавад ва миллионҳо нафар аз Ироқ ва саросари ҷаҳон барои зиёрати ҳарами Ҳусайн (а) ва зиёрати ҳарами ҳазрати Аббос (а) ба шаҳри Карбало меоянд.
3514908