Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Ал-ҷазира, ҳисоби расмии қабилаи Ҳирзи Атоуллоҳ дар Навори Ғазза видеое аз такрими 150 ҳофизи Қуръон дар ин қабила нашр кард, ки шомили кӯдакон ва солмандон будаанд.
Ин аввалин бор нест, ки қабилаи Ҳирзи Атоуллоҳи маросимеро барои таҷлил аз фарзандони ҳофизи қуръонии худ баргузор мекунад, ин хонавода дар соли 2016 низ дар маросиме, ки дар Ғазза баргузор шуд аз 61 ҳофизи қуръонии ин хонивода таҷлил карданд.
Ҳирзи Атоуллоҳ яке аз қадимитарин қабилаҳои сокин дар маркази шаҳри Ғаззааст. Ин қабилаи бузург нахустин қабила дар Навори Ғаззааст, ки барои интихоби раис ва муовини қабила интихоботи дохилӣ баргузор мекунад.
Сеюмин давра аз ин интихоботи дохилӣ ба зудӣ баргузор мешавад ва рӯзи гузашта фурсати сабтиноми номзадҳо ба поён расид.