IQNA

Ташаккури рӯҳонии саршиноси аҳли суннати Ироқ аз мақоми муаззами Раҳбарӣ

18:32 - September 13, 2023
рақами хабар: 455
Ироқ (ИКНА) раиси ҷамоати уламои аҳли суннати Ироқ аз мавозеи мақоми муаззами Раҳбарӣ ташаккур кард.

Ба гузориши ин манбаъ, шайх Холид Ал-Мала, раиси ҷамоати уламои аҳли суннати Ироқ, ки аз созмониҳои наздик ба ихвонулмуслимин маҳсуб мешавад, дар твите ба паёми мақоми муаззами Раҳбарӣ вокуниш нишон дод ва навишт: аз олими ҷалилулқадр Сайиди Марҷаъ, Алии Ҳусайнии Хоманаӣ, ки дар канори умматаш истод ва дорои басират ва дироят аст, тақдир ва ташаккур мекунам, зеро қадри Ироқиҳо ва мавозеашон дар маросими Арбаинро медонад.

Мақоми муаззами Раҳбарӣ, рӯзи 20 шаҳривар аз миллат ва давлати Ироқ ташаккур карда ва фармуда буд: холисона аз бародарон ва хоҳарони ироқӣ ба далели мизбонии онҳо аз зоирон арбаинӣ ва эҳтимоми вижаи онҳо ба ин зоирон ташаккур мекунам. Ироқиҳо аз ҳеҷ чизе [дар ин зиёфат ва мизбонӣ] дареғ накарданд ва беш аз 22 миллион зоири Имом Ҳусайн (а)-ро барои рӯзҳо мизбонӣ карданд.

Шайх Холид Ал-Мала,, қаблан низ зимни ташаккур аз Ҷумҳурии Исломӣ гуфта буд: Эрон дар замони ҷанги ДИИШ дарҳои худро ба рӯи Ироқ боз кард, дар ҳоле, ки ҳамаи кишварҳо дарҳои худро баста буданд.

https://iqna.ir/fa/news/4168609

captcha