IQNA

Давлат ҷаласаи баррасии буҳрони қуръонсӯзӣ баргузор кунад

16:38 - September 15, 2023
рақами хабар: 458
Шветсия (ИКНА) ҳизби сотсиалисти Шветсия ва дигар аҳзоби мухолифи давлати ин кишвар аз вокуниши мунфаилонаи давлати кунунӣ ба қуръонсӯзӣ ба шиддат интиқод карданд ва аз давлат баргузории ҷаласаи баррасии буҳрони қуръонсӯзиро хостор шуданд.

Ба гузориши маркази иттилоъ расонии Шветсия, Магдалена Андерсон, раиси ҳизби сотсиалисти Шветсия ба ҳамроҳи дигар аҳзоби мухолифи давлат, аз наҳваи бархурди давлати кунунӣ бо буҳрони қуръонсӯзӣ интиқод карданд ва онро фалаҷ ва нотавон аз ҳаракат тавсиф карданд. Магдалена Андерсон, раҳбари опозисионӣ изҳоркард: нахуст вазир ва давлати вай ҳеҷ барномаи равшане барои муқобила бо ин вазъияти бад ва буҳрони қуръонсӯзӣ надоранд.

Изҳороти аҳзоби опозисиони Шветсия дар ҷараёни конфронси матбуотии раҳбарони ин се ҳизб баён шуд. Магдалена Андерсон, дар ин конфронс, ки рӯзи гузашта чаҳоршанбе баргузор шуд, ба нақси иттилоърасонӣ ва шаффоф набудани баёнияи давлат дар бораи буҳрони қуръонсӯзӣ ишора кард.

Магдалена Андерсон, гуфт: мо шоҳиди иқдомоти нокофии давлат барои муқобила бо ин буҳрон ва муқобила бо таҳдидот ҳастем, ҳатто иқдомоте, ки эълом шуда низ номфҳум ва номушаххас аст.

Ин се ҳизб аз давлат хостанд то аз сарони аҳзоби парлумонӣ даъват кунад то ҷаласаеро барои баррасии буҳрони қуръонсӯзӣ баргузор кунанд.

Бо вуҷуди онки давлати Шветсия эълом кардааст, вазъи маҳдудиятҳои қонунӣ алайҳи қуръонсӯзиро дар назар дорад, бархе аз намояндагони аҳзоби ростгаро, ки аксарияти парлумонро дар даст доранд, ба сароҳат аз мухолифати худ бо ин иқдомот сухан гуфтаанд.

Онҳо ин иддаоро матраҳ кардаанд, ки мамнуъитҳои эҳтимолӣ нақзи озодӣи баён буда ва ҳуқуқи асосии мардумро нақз мекунад. Бо ин ҳол бисёре аз коршиносон ва ҳатто бархе аз давлатмардони кунунии Шветсия мӯътақиданд, ки омилони пушти пардаи қуръонсӯзиҳои ахир ба баҳонаи озодии баён манофеъи миллии ин кишварро ҳадаф қарор додаанд.

https://iqna.ir/00HUX0

captcha