IQNA

20:12 - September 19, 2023
рақами хабар: 474

Ҳамла ба муқаддасот ба баҳонаи озодии баён маҳкум аст

Туркия (ИНКА) раисҷмҳури Туркия бо баёни инки ҳамла ба муқаддасот ба баҳонаи озодии баён маҳкум аст таъкид кард: дар сурате, ки ҷилави падидаи исломҳаросӣ гирифта нашавад, омилони он рӯз ба рӯз густохтар хоҳанд шуд.

Ҳамла ба муқаддасот ба баҳонаи озодии баён маҳкум аст

Ба гузориши Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷмҳури Туркия барои ширкат дар ҳафтоду ҳаштумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Нию-Йорк ба сар мебарад. Вай дар зиёфати шоме, ки тавассути кумитаи роҳбарии миллии турк-амрикоӣ (TASK) дар аёлати Нию-Йорки Амрико тартиб дода шуда буд суханронӣ кард.

Эрдуғон дар ин суханронӣ бо таъкид бар инки хатари исломҳросӣ монанди гулӯлаи барфӣ дар ҳоли бузург шудан аст гуфт: агар ба исломситезӣ поён дода нашвад, омилони он густохтар хоҳанд шуд. Эрдуғон афзуд: ба эҳтимоли зиёд ҳамалоте, ки имрӯз бештари мусулмононро ҳадаф қарор медиҳад, фардо алайҳи гурӯҳҳои бо реша, забон, фарҳанг ва боварҳои дигар низ анҷом хоҳад шуд.

Вай афзуд: Туркия ҳамла ба муқаддасоти ду миллиард мусулмон дар саросари ҷаҳон ба баҳонаи «озодии андеша»-ро ба шиддат маҳкум мекунад.

Пеш аз ин Эрдуғон дар ҷараёни иҷлоси Ҷ 20 ба мизбонии Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд гуфт, ки ба ҷои ҷиноёти нафрат, табъиз ва хусумат бо Ислом ва ҳамчунин бегона ҳаросӣ бояд эҳтироми мутақобил ва фарҳанги ҳамзистӣ ҳоким шавад.

Дар моҳҳои ахир ҳатки ҳурмати Қуръони Карим борҳо аз сӯи ростгароёни ифротӣ ва бархе чеҳраҳои машкук дар муқобили сафорати шуморе аз кишварҳои исломӣ дар Шветсия ва Дания такрор шудааст. Ин ҳатки ҳурмат бо вокуниши густурдаи кишварҳои исломӣ мувоҷеҳ шудааст ва бисёре хоҳони таҳрими маҳсулоти данияӣ ва шветсияӣ ва қатъи равобит бо ин ду кишвар шудаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4169509

captcha