IQNA

Идомаи фаъолияти маркази қуръонӣ дар Ғазза бо вуҷуди мушкилоти сангин

14:18 - July 13, 2026
рақами хабар: 4816
Маркази қуръонии «Ан-Нур» дар шимоли Ғазза, сарфи назар аз душвориҳои зиёд, ҳамоно ба фаъолияти таълимии худ идома медиҳад.

Ба гузориши bryj бо истинод ба шабакаи «Ал-Ҷазира», маркази қуръонии «Ан-Нур» дар шимоли Ғазза, бо вуҷуди мушкилоте, ки ҷанг ба вуҷуд овардааст, ҳамоно барномаҳои омӯзишӣ ва таблиғии худро идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, масъулони марказ таъкид мекунанд, ки идомаи фаъолияти он ба таъмин шудани ниёзҳои аввалия, аз ҷумла нусхаҳои Қуръони карим, бодбезак (вентилятор), об ва дигар лавозими зарурии хонандагон вобаста аст.

Ин марказ барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи Қуръон, суханрониҳои динӣ, барномаҳои донишгоҳӣ, урдуҳои тобистона ва маҳфилҳои тиловат барои калонсолонро баргузор мекунад. Ҳамчунин, омӯзиши дурусти қироати Қуръонро барои кӯдакон ва бузургсолон пешниҳод менамояд. Илова бар ин, барномаи «Навниҳолони қуръонӣ»-ро амалӣ мекунад, ки омезае аз таълими одоб, ахлоқ, фиқҳ ва суннат барои духтарони ҳамаи синну сол, аз мактаби ибтидоӣ то донишгоҳ мебошад.

Масъулони марказ ба «Ал-Ҷазира» гуфтаанд, ки ҷанг воқеияти наверо ба вуҷуд овардааст, ки зарурати таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи арзишҳои динӣ ва таҳкими пайванди хонандагон бо Қуръонро дар ҳамаи синну сол ба миён овардааст. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки марказ барои занон ва кӯдакон курсҳои омӯзиши қоидаҳои қироати Қуръон баргузор мекунад ва писарони аз 6 то 9-сола ва духтарони Қуръономӯзро аз 5 то 90-сола қабул менамояд.

Роҳбарияти марказ шарҳ дод, ки хонандагон рӯзи худро аз соати 8-и субҳ оғоз мекунанд. Онҳо аз хонаҳои худ, хаймаҳои муваққатӣ ё мактабҳое, ки ҳамчун паноҳгоҳ истифода мешаванд, ба масҷид меоянд, то дар барномаи ҳаррӯзае, ки то соати 2-и баъд аз зуҳр идома меёбад, иштирок намоянд. Ин барнома дарсҳои аҳкоми қироати Қуръон ва машғулиятҳои ҳифзро дар бар мегирад. Масъулон таъкид карданд, ки чунин соатҳои тӯлонӣ талаб мекунад, ки барои хонандагон газак ё дигар василаҳои ҳавасмандкунанда фароҳам оварда шавад, то онҳо битавонанд ҳифзи Қуръонро идома диҳанд.

Ба сабаби камбуди шадиди нусхаҳои Қуръон, марказ ба усули омӯзиши шифоҳӣ рӯ овардааст. Устодон аз ҳифз тиловат мекунанд; нахуст аз ҷузъи сиюм оғоз намуда, сипас дигар ҷузъҳоро меомӯзонанд, то бо вуҷуди маҳдуд будани имконот, раванди таълим қатъ нашавад.

Масъулон тасдиқ мекунанд, ки бештари нусхаҳои Қуръони мавҷуд дар масҷид пора ё фарсуда шудаанд ва баъзе аз онҳо аз зери харобаҳои биноҳои вайроншуда берун оварда шудаанд, то барои омӯзиши хонандагон истифода шаванд. Онҳо таъкид мекунанд, ки ҳадафи асосиашон ҳифзи ҳувияти динӣ ва ҷой додани таълимоти Қуръон дар қалби насли нав, ҳатто дар шароити ҷанг мебошад.

Яке аз хонандагони ин марказ мегӯяд, ки бузургтарин шодии ӯ рафтан ба масҷид барои ҳифзи Қуръон ва аҳодис, инчунин омӯхтани қоидаҳои қироат ва оҳанги дурусти тиловат аст.

4363551

captcha