IQNA

Вазири умури хориҷаи Русия густариши исломҳаросӣ дар Аврупоро маҳкум кард

19:33 - September 25, 2023
рақами хабар: 492
Русия (ИКНА) Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, бо интиқод аз тадовуми нажодпарастӣ дар Ғарб, оддӣ шудан ва густариши исломҳаросӣ ва адами таҳаммулпазирӣ нисбат ба адён ва арзишҳои онро маҳкум кард.

Бар асоси ин гузориш Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯзи шанбе дар суханоне нисбат ба нажодпарастӣ дар Ғарб ҳушдор дод ва тасреҳ кард: Ғарб ҳамчунон худро болотар аз бақияи башарият медонад. 

Лавров ба суханони тавҳиномези раиси дастгоҳи дипломосии Аврупо, Ҷозеф Баррел, ишора кард, ки сароҳатан гуфта буд: Аврупо як боғ буда ва атрофи онро ҷангал гирифтааст.

Вазири хориҷаи Русия таъкид кард: Ҷозеф Баррел аз густариши исломҳаросӣ ва соири ашколи адами таҳаммул нисбат ба арзишҳои деринаи ҳамаи адёни ҷаҳонӣ дар ин «боғ» шарм надорад.

Вай афзуд: оташзадани Қуръон, тавҳин ба Таврот, озор ва азияти рӯҳониюни ортодокс ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти пайравони адён амри одӣ ва густурда дар Аврупо аст.

Баррел гуфта буд: Иттиҳодияи Аврупо «як гиёҳхор дар миёни шикорчиён» боқӣ мондааст, аммо ба далели даргирӣ дар Украина маҷбур шуд «аз хоби худ бедор шавад».

Баррел дар 13 октябри гузашта дар ҷараёни ифтитоҳияи академияи дипломатики Аврупо дар шаҳри Брюгги Белгия гуфт, ки Аврупои «мутамоиз» як «боғ» ва дунёи атрофи он «ҷангал» аст.

Амре, ки вокунишҳои густурдаеро дар Аврупо ва ҷаҳон ба думбол дошт ва дар ниҳоят бахши хориҷии дипломосии аврупоӣ ва дипломатҳои Аврупоро маҷбӯр ба узрхоҳӣ кард. Онҳо ин изҳоротро хориҷ аз чорчуби сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ношӣ аз нофаҳмӣ тавсиф карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4170836

captcha