IQNA

Ҳамоиши байналмилалии Расули Аъзам (с) дар Яман баргузор мешавад

19:57 - September 25, 2023
рақами хабар: 494
Яман (ИКНА) ҷамъияти хайрияи таълими Қуръони Карим дар Яман аз роҳандозии аввалин ҳамоиши байналмилалии Расули Аъзам (с) дар солрӯзи вилодати Паёмбар (с) хабар дод.

Ба гузориши манбаъ, ин ҳамоиш, ки дар бозаи замонии 24 то 25 рабеул аввал 1445 ҳиҷрии қамарӣ мунтабиқ бо 9 октябр 2023 мелодӣ дар Санъо баргузор мешавад, ба баррасии шахсияти Паёмбари Аъзам (с) ва абъоди мухталифи наҳзати он ҳазрат аз тариқи Қуръони Карим дар ҷанбаҳои мухталиф ва ҳамчунин таҳаввуле, ки Расули Худо эҷод кард ба манзури баҳрамандии равиши шинохтӣ дар тағйири ҷаҳон ва воқеияти кунунии он ихтисос дорад.

Абдурраҳмон Ал-Афад, дабири кулли ҷамъияти хайрияи таълими Қуръони Карим ва ноиби раиси кумитаи назорат бар конфронс, дар гуфтугӯе бо хабаргузории Яман тасреҳ кард: аввалин конфронси байналмилалии Расули Аъзам (с) бо ҳадафи ишоаи фарҳанги қуръонӣ ва муаррифии сираи Расули Худо ва баррасии он аз ҷанбаҳои мухталиф ба манзури рафъи заъфҳое сурат мегирад, ки дар натиҷаи дӯрии мо мусулмонон аз Қуръони Карим ва сираи набавӣ рӯй додааст.

Вай бо ишора ба инки дар ин ҳамоиш, ки барои аввалин бор дар Ҷумҳурии Яман баргузор мешавад, пажӯҳишгарон ва донишгоҳиёни зиёде аз дохил ва хориҷ аз кишвар ҳузур хоҳанд дошт, хотирнишон кард: дар ин конфронс мақолот ва пажӯҳишҳои бисёре ироа хоҳад шуд, ки ба баррасии шахсияти Расули Акрам (с) дар меҳварҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, низомӣ ва расонаӣ ихтисос дорад.

Ҳамчунин тасреҳ шудааст: кумитаи илмӣ дарёфти шуморе аз пажӯҳишҳои илмӣ ва мақолотро аз ширкаткунандагон дар конфронс оғоз кардааст.

https://iqna.ir/fa/news/4170815

captcha