
Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидори султони Уммон равобити Эрон ва Уммонро равобити дерина ва решадор ва хуб хонданд ва гуфтанд: мо мӯътақидем густариши равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо, ба нафъи ҳар ду тараф аст.
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъзами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз дар дидори оқои “Ҳайсам ибни Ториқ оли Саъид” султони Уммон ва ҳайати ҳамроҳ, равобити Эрон ва Уммонро равобити дерина ва решадор ва хуб хонданд ва гуфтанд: мо мӯътақидем густариши равобити дукишвар дар ҳамаи заминаҳо, ба нафъи ҳар ду тараф аст.
Эшон бо ишора ба музокироти тарафҳои эронӣ ва уммонӣ, хотирнишон карданд: нуктаи муҳим он аст, ки ин музокирот то расидан ба натоиҷи маҳсус, ба сурати ҷиддӣ пайгирӣ шавад вадр ниҳоят иртиботот густариш ёбад.
Раҳбари Инқилоби исломИ ба мавзӯъи хатари ҳузури режими саҳюнистӣ дар минтақа низ ишора карданд ва афзуданд: сиёсати режими саҳюнистӣ ва пуштибонони он, эҷоди ихтилоф ва набуди оромиш дар минтақа аст, бинобар ин ҳамаи кишварҳои минтақа бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ дошта бошанд.
Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ дархсуси изҳори хурсандии султони Уммон аз оғози равобити муҷаддади Эрон ва Арабистон гуфтанд: ин мавзӯъот натиҷаи сиёсати хуби давлати ҷаноби оқои Раисӣ барои густариш ва тақвияти равобит бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа аст.
Эшон дар поён изҳори умедворӣ карданд бо густариши иртибототи давлатҳо, уммати исломӣ шавкат ва азамати худро бозёбад ва дар канори ҳам қароргирифтан зарфиятҳо ва имконоти кишварҳои исломӣ, ба нафъи ҳамаи миллатҳо, кишварҳо ва давлатҳои исломӣ бошад.
https://iqna.ir/fa/news/4144356