IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 8

Муҳандисии тиловат дар сабки Мустафо Исмоил

19:18 - September 27, 2023
рақами хабар: 506
Теҳрон (ИКНА) Мустафо Исмоилро “Акбарул-Қурроъ” (бузургтарин қорӣ) меноманд, чаро, ки таъсироти бисёре бар мавзӯъи қироат ва сабки қориёни пас аз худ гузошт. Ин таъсир то ҳадде буда, ки пас аз гузашти солҳо, тиловатҳои ӯ ва сабки ӯ мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз Қуръон дӯстон ва қориён қарор гирифтааст.

Дар мавриди Мустафо Исмоил бояд гуфт, ки ӯ ду давра тафсири Қуръонро назди яке аз шуюухи Ал-Азҳар тай кардааст ва таъсири ин тасаллут бар тафсири оёт дар тиловатҳояш комилан машҳӯд аст. Хонданашро наметавон маъно меҳвар донист, балки тиловатҳои эшон фаротар аз маъно меҳварӣ буда ва бояд ин тиловатҳоро тафсирӣ ном ниҳод. Ин қории шаҳири мисрӣ бо тиловатҳояш Қуръонро тафсир ва мустамионро шигифтзада мекунад.

Яке аз муҳаққиқони мисрӣ дар китоби худ собит карда, ки Мустафо Исмоил панҷоҳ ва ду ҳазор соат, тиловати Қуръон доштааст. Мустафо Исмоил бархе аз сураҳои Қуръонро бисёр зиёд ва чандбор тиловат кардааст; Барои намуна эшон ҳафтод бор сураи таҳримро тиловат кардааст ва нуктаи қобили таваҷҷуҳ инки ҳеҷ кадом аз ин тиловатҳо монанди якдигар нестанд, аммо рӯҳи куллии ҳамаи ин тиловатҳо яке аст.

Бинобар ин Мустафо Исмоил барои тиловат ҳар сура муҳандисии хосси худро дошта; Ин дар ҳоле аст, ки тиловати бисёре аз қориёни мисрӣ тақлидӣ аст.

Ҳар чиқадр ҳам, ки сини устод болотар рафт пухтатар шудааст. Яке аз дуоҳои Мустафо ҳам ин буд, ки аз Худо мехост то ҳеҷвақт қироат аз ӯ гирифта нашуд. Дар рӯзи охири умраш ҳам сураи Каҳфро тиловат кард ва баъд ба манзил омад ва аз дунё рафт; Яъне то охирин рӯзи умраш ба тиловат пардохт.

Ҳангоме, ки Мустафо ҳудудан бист сол син дошт, дар яке аз маҷолис, тиловати Қуръон мекард, “Дарвеш Ҳарирӣ” яке аз бузургтарин мусиқидонҳои Миср, ба Мустафо мегӯяд: ту ин алҳонро читавр омӯхтаӣ? Мустафо дар посух мегӯяд: саъй кардаам тамоми оҳангҳое, ки шунидаамро ба хотир бисипорам ва аз рӯи инҳо сабки худамро иқтибос кардам. Сипас Дарвеш Ҳарирӣ мегӯяд: ҳеҷ бастакоре наметавонад касеро ба ин сурат парвариш бидиҳад. Дар ҳақиқат ӯ мехост нубуғи Мустафоро нишон диҳад.

Даҳаи поёнии умраш ҳам даврони аҷибе аст ва инсон дар ҳайрат мемонад, ки Мустафо дар синни ҳудуди ҳафтод солагӣ чигуна тавониста ба муддати як соат ва 56 дақиқа ба тиловати сураҳои Ҳуҷурот - Қоф дар масҷиди Абул-Ало бипардозад. Ин тиловат, шоҳкори бебадили таърихии қироати Қуръони дунё аст.

captcha