IQNA

Иддаои расонаҳои саҳюнист: 

Тарҳи ду кишварӣ бахше аз тавофуқи оддӣ созии равобит бо Арабистон аст

17:46 - September 29, 2023
рақами хабар: 512
Арабистон (ИКНА) бар асоси иддаои расонаҳои режими саҳюнистӣ, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ тавофуқ кардаанд, ки тарҳи мавсум ба ду кишварӣ бахше аз тавофуқи оддӣ созии равобит байни Исроил ва Арабистони Саудӣ бошад. 

Кохи Сафед ба давлати режими саҳюнистӣ эълом кардааст, ки бояд дар мавзӯъи оддӣ созии равобит бо Арабистони Саудӣ бипазирад, ки имтиёзоти ба Фаластиниён бидиҳад.

Дар ҳамин робита веб-сайти Исроилии «i24 news» ба нақл аз як мақоми аршади исроилӣ эълом кард, ки Байден ва Нетаняҳу дар дидори ҳафтаи гузаштаи худ дар Ню-Йорк бар сари таваҷҷуҳ ба мавзӯъи тавофуқи оддӣ созии бо Арабистони Саудӣ ба тавофуқ расиданд ва ҳар гуна тавофуқе бо Риёз ба тавонои дастёбӣ ба тавофуқи сулҳ байни Исроил ва Фаластин бастагӣ хоҳад дошт.

Ин веб-сайти исроилӣ таъкид кард, ки Байден феҳристе аз хостаҳои хосси Амрико дар мавриди Фаластиниҳоро ба Нетаняҳу ироа накардааст, аммо ӯ ба сурати вежа исрор доштааст, ки Исроил имкони дастёбӣ ба роҳиҳали ду кишвариро ҳифз кунад. 

Бархе аз мақомоти аршади исроилӣ ва манобеи огоҳ дар бораи ҷузъиёти дидори раисҷумҳури Амрико ва нахуствазири режими саҳюнистӣ муддаӣ шуданд, ки Нетаняҳу ба таври куллӣ бо ин мавзӯъ мувофиқ аст. Ин дар ҳоле аст, ки кобинаи ифротии Нетаняҳу беш аз пеш ба сохти шаҳракҳои маскунӣ дар арозии ишғолӣ идома медиҳад ва нозирон мӯътақиданд ҳамин амр эҳтимоли ҳаргуна тавофуқ бо Фаластиниёнро ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш медиҳад.

Манобеи саҳюнист дар айни ҳол муддаӣ ҳастанд, ки дар оддӣ созии равобит бо Арабистон, мавзӯъи Фаластин ва музокироти муртабит бо он дар ибтидои роҳ аст ва масъалаи аслӣ ин аст, ки ончи Байдне ва Нетаняҳу дар бораи он гуфтугӯ кардаанд дар амал чигуна пиёда шавад.

https://iqna.ir/fa/news/4171846

captcha