IQNA

Бузургдошти мелоди Паёмбар (с) дар Масҷидулақсо ҳамзамон бо монеа тарошии ишғолгарон

16:01 - September 30, 2023
рақами хабар: 518
Фаластин (ИКНА) ҳазорон фаластинӣ бо убур аз истҳои мутааддиди бозрсӣ худро ба Масҷидулақсо расонданд то дар маросими ҷашне, ки ба муносибати мелоди Паёмбар (с) баргузор шуда буд ширкат кунанд. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳазорон фаластинӣ дар Масҷидулақсо солрӯзи таваллуди Паёмбар (с)-ро гиромӣ доштанд ва дар бозорҳои шаҳри Қудс ин муносибатро ҷашн гирифтанд.

Фаластиниён ба ҳамин муносибат аз соатҳои оғозини рӯз ба Масҷидулақсо рафтанд, ки авҷи он маросими ҷашне буд, ки ба ҳамин муносибат тавассути идораи Авқофи исломӣ дар дохили ин масҷид тартиб дода шуда буд.

Фаъолони фаластинӣ дар саҳни Қубатуссахра, ки хонаводаҳои фаластинӣ ба ҳамроҳи фарзандони худ дар он ҳузур доштанд, фаъолиятҳое барои эҷоди саргармӣ барои хонаводаҳо ва фарзандони онҳо тартиб доданд.

Намозгузорон низ ба муносибати ин мелоди фархунда дар саҳнҳои Масҷидулақсо ва вурудиҳои он иқдом ба тавзеъи ширинӣ байни ҳозирон карданд. 

Дар ҳамин робита Шайх Юсуф Абу Санина, имом ва хатиби Масҷидулақсо, маросимеро дар ин макон баргузор кард, ки шомилии сурудҳои мазҳабӣ буд.

Ин дарҳоле аст, ки Шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии Қудс ва сарзаминҳои Фаластин, дар суханронии худ дар ин ҷашн аз Фаластиниҳо ба далели убур аз истҳои бозрсии Исроил барои расидан ба Масҷидулақсо ва ҳузури густурдаи онҳо дар ин макон тамҷид кард.

https://iqna.ir/fa/news/4171934

captcha