Давраҳои тиловати Мустафо Исмоил (17 июн 1905 – 26 декабр 1978)-ро бар асоси наворҳои забт шуда метавон ба чанд бахш тақсимбандӣ кард. Пеш аз даҳаи 40 мелодӣ тиловате аз мустафо Исмоил нашнидаем, аммо дар даҳаи 40, мустафо Исмоил бештар дар қасри Малик Форуқ мехондааст. Ҷараёни оғози тиловатҳои ӯ дар қасри Форуқ ҳам аз ин қарор аст, ки якбор, ки Мустафо дар яке аз рустоҳои Миср тиловат мекарда яке аз аҳолии қаср садои Мустафоро мешнавад. Ӯ ба Мустафо мегӯяд: ту бояд дар Қоҳира ҳам бихонӣ ва пеш аз инки Мустафо вориди радио шавад, ба қаср ворид мешавад ва то солҳои поёнии умри Малик Форуқ ҳам дар қасри ӯ ба тиловат мепрдохт.
Дар даҳаҳои 50, 60 ва 70 мелодӣ Мустафо Исмоил тиловатҳои хосси худро дошта ва метавон гуфт дар ҳар як аз ин даҳаҳо мудели хоссе аз қироати Мустафо Исмоилро шоҳид ҳастем. Аз тарафе дар ҳар даҳа сайри такомулии Мустафо Исмоилро ҳам метавонем бубинем. Яке аз дарсҳое, ки аз Мустафо мешавад гирифт ин аст, ки вақте тиловатҳои даҳаи 50 ӯро мешнавед, мегӯед имкон надорад, ки битавон тиловате аз ин комилтар аз мустафо шунид ва ӯ корро тамом кардааст, аммо вақте тиловатҳои даҳаи 60ро гӯш мекунед, мебинед ин корҳо комилтар ҳастанд, аммо ҳатто ҳаминҳо ҳам поёни кори Мустафо нест ва дар даҳаи 70 тиловатҳои бисёр шоҳкоре аз Мустафо мешнавем.
Сабки хондани Мустафо бисёр амиқ аст. Ҳарчи мегузарад, нигоҳи инсон ба Мустафо дақиқтар ва беҳтар мешавад ва ин нишон медиҳад, ки тиловатҳои Мустафо аз чӣ умқе бархурдор аст.
Гоҳе ин иддао матраҳ шуда, ки Мустафо Исмоил аз “Комил Юсуф” тақлид мекунад, аммо инчунин нест, чароки ҳангоме, ки Мустафо Исмоил ҳудудан 60 сол син дошта, Комил Юсуф ҳудудан 40 сола будааст.
Ҳар қорӣ аз қориёни қадимитар аз худаш таъсир пазируфтааст ва Мустафо ҳам аз ин қоида мустасно нест. Мустафо аз Рафъат, Алӣ Маҳмуд ва Салома таъсир гирифта, аммо вақте тиловатҳои мустафоро бо қориёни пеш аз ӯ муқоиса мекунем, мебинем, ки панҷ дарсад аз тиловатҳояш мутаассир аз онҳост ва боқӣ, ибдооти ӯст. «Муҳаммад Абдулваҳҳоб» аз беҳтарин оҳангсозони Миср, мегӯяд: Исмоил алҳонеро хонда, ки пеш аз он дар мусиқии Араб вуҷуд надоштааст ва Муҳаммад Абдулваҳҳоб аз рӯи тиловатҳояш нотбардорӣ мекард.