IQNA

Сураҳои Қуръон / 82

Оқибати инсонҳои мағрур дар баробари Худованд дар сураи Инфитор

6:06 - October 02, 2023
рақами хабар: 522
Теҳрон (ИКНА) инсон дорои имконоти зиёде аст чӣ имконоте, ки ба сурати табиӣ дар ихтиёр дорад ва чӣ имконоте, ки ба даст меоварад. Ҳамаи ин имконот аз ҷониби Худованд аст, аммо вақте инсон дар шароите қарор мегирад, ки ҳама чизро фароҳам мебинад, сипосгузорӣ аз Худовандро фаромӯш мекунад.

Ҳаштоду дувумин сураи Қуръони Карим “Инфитор” ном дорад. Ин сура бо 19 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Инфитор, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул ҳаштоду дувумин сурае аст, ки бар Паёмбар (с) нозил шудааст.

“Иинфитор” ба маънои шикофта шудан ва шикофтан аст. Дар ин сура манзур шикоф бардоштани осмон ва курроти осмонӣ дар остонаи барпоӣ рӯзи қиёмат аст. Ин сураро “Инфитор” меноманд чун дар аввалин ояти он аз Инфитор сухан ба миён омадааст. Сураи Инфитор дар бораи вуқӯъи қиёмат, шароит ва нишонаҳои он сухан мегӯяд ва аз сарнавишт ва ҷойгоҳи аброр (некон) ва фуҷҷор (бадкорон) хабар медиҳад.

Сураи Инфитор дар бораи вуқӯъи қиёмат ва шароит ва нишонаҳои он ва ҳаводисе сухан мегӯяд, ки дар поёни ҷаҳон рӯх медиҳад; Ҳамчунин инсонро ба неъматҳои Худованд, ки саросари вуҷуди ӯро гирифтааст таваҷҷуҳ медиҳад ва бо тақсимбандии инсонҳо ба ду гурӯҳ аброр (некон) ва фуҷҷор (бадкорон), дар бораи сарнавишт ва ҷойгоҳ иҳар кадом сухан мегӯяд ва инки фариштгони махсус, аъмоли ҳар инсонеро сабт ва забт мекунанд.

Дар ибтидои ин сура чаҳор нишона аз муқаддамоти барпоӣ поёни дунё ва рӯзи қиёмат омадааст. Дар идома инсони ғофил ва мағрурро мавриди ишора қарор медиҳад рӯи сухан бо инсони ғофил ва мағрур аст, ки то чӣ андоза аз худ розӣ ва ба худ машғул ва аз ҳама ҷо бехабар аст.

Дар ин сура ҳолоти инсонҳо дар рӯзи қиёмат ба ду даста тақсим мешаванд; Дастаи аввал аброр (некӯкорон) ҳастанд, ки бархурдор аз неъматҳои илоҳӣ мешаванд; Ва дастаи дувум фуҷҷор (бадкорон), ки гирифтори оташи шӯълавар мешаванд.

Аз оёти қобили таваҷҷуҳи ин сура метавон ба ояти 6 ишора кард, ки мефармояд: يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ مَا غَرَّ‌كَ بِرَ‌بِّكَ الْكَرِ‌يمِ: “Эй инсон, чӣ чиз туро дар бораи Парвардигори Бузургаворат мағрур сохта?”

Ҳадафи ин оят дар ҳам шикастани ғурур ва бедор кардани инсон аз хоби ғафлат аст. Ин барои тавбихи инсон аст, ки дар баробари неъматҳои илоҳ носипосӣ мекунад. Тибқи ривоёт, Паёмбари Ислом (с) пас аз онки ин ояро хонданд, фармуданд “Ҷаҳли инсон боиси ғурури ӯст”.

captcha