Бар асоси ин гузориш, Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ аз лаҳзоти пеш бо ҳузури Ҳуҷҷатул Ислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломи Эрон ва бо тиловати оёте аз каломуллоҳи маҷид ва пахши суруди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар салони иҷлоси сарони дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
Дар ибтидо Ҳуҷҷатул Ислом валмуслимин Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ, дар суханоне бо табрики фирорсидани ҳафтаи Ваҳдат ва мелоди босаодати Паёмбари Акрам (с) ба меҳмонони хориҷӣ ва дохилии ин конфронс арзи хайра мақаддам гуфт.
Машрӯҳи суханони ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳамиди Шаҳриёрӣ ба шарҳи зайл аст:
Сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ бо мавзӯъи Ҳамкориҳои исломӣ барои дастёбӣ ба арзишҳои муштарак дар ҳоле оғоз мешавад, ки ҷаҳони Ислом тайи соли гузашта шоҳиди таҳаввулоти густурда ва амиқе будааст. Ва дар ин маҷол ба ихтисор ба муҳиммтарини онҳо мепардозам:
Густариши гуфтумони уммати воҳида; Ҳадафи аслии Конфронси Ваҳдат
Ин мафҳуми қуръонӣ ормоне аст, ки ҷавомеи исломӣ ба самти он ҳаракат кунанд ва дар ниҳоят умедвор бошем, ки ибтикори ҳамчун иттиҳодияи кишварҳои исломӣ ба мавзӯи зуҳур наздик шавад, марзҳои кишварҳои исломӣ камранг шавад, пули воҳиди исломӣ ривоҷ ёбад ва маҷлиси воҳиде, ки битавонад қавонин ва муқаррароти муштарак ва иҷмоъро ба тасвиб бирасонад, дар ин Иттиҳодия фаъол шавад.
Талош мустакбирон барои ислом ҳаросӣ
Аввал: Қуръони Карим ягона роҳнамои ваҳёнии ҳифозатшуда барои башарият аст. Сулҳ ва дӯстӣ бо мусулмонон ва ҳампаймонон ва муқовимат дар баробари тоғут ва зулми мустакбирон аз омӯзаҳои ҳаётбахши он аст.
Рӯй овардани ҷаҳони Ислом ба сулҳи одилона
Дувум: мояи умед аст, ки ҷаҳони Ислом рӯ ба сулҳи одилона ниҳода ва талош мекунад гуфтумони ситезаҷӯиро аз минтақа ҳазф кунад. Мо аз таваққуфи ҷангҳои беҳосил дар Яман ва Сурия истиқбол мекунем.
Аҳамияти эҳёи равобити Эрон ва Арабистон
Севум: эҷоди равобити сиёсӣ байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳиммтарин таҳаввул ба сӯи ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни кишварҳои исломиро рақам зад ва нури умеде дар дили бедоргарони ҷаҳони Ислом гардид, ки ду мадрасаи сиёсӣ ақидатӣ аз низоъ даст бардошта ва ба сӯи ҳамкорӣ, иқдомоти муассиреро ба анҷом расониданд.
Лозимаи муҳимми дастёбӣ ба уммати воҳида
Чаҳорум: душманони Ислом ҳаргиз аз хусумати худ даст барнамедоранд. Кӯтоҳ шудани дасти тамаъи онҳо аз минтақа аз ҷумла илзомоти дастёбӣ ба уммати воҳидааст. Ихроҷи Амрико аз Афғонистон фурсате такрор нопазир дар асри ҳозир барои осоиш ва оромиши миллати Афғонистон ба даст додааст.
Панҷум: ҳамкорӣ бо ҳампаймонони кишварҳои исломӣ аз ҷумла Русия ва Чин, равобити густурдаи иқтисодӣ ва сиёсиро тазмин мекунад ва ҷаҳони Исломро ба долони мубодилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил хоҳад кард.
Таъкид бар хонавода ба манзилаи иштироки муҳим дар ҷаҳони Ислом
Шашум: хонавода ба унвони меҳваритарин конуни тарбияти насли башар як арзиши фитрӣ ва инсонӣ аст, ки дар Ислом бар он таъкид шудааст. Муқобила бо ин фитрат ва талоши шайтонии бархе кишварҳои ғарбӣ барои ҷойгузинии он бо ҳамҷинсон ва аҳёнан ҳайвонот ба дӯр аз шаън ва каромати инсонӣ аст.
Ҳафтум: ҳимоят аз мардуми ситамдидаи Фаластин ҳамчунон аввалавияти арзишҳои муштараки ҷаҳони Ислом барои дастёбӣ ба Ваҳдат аст.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ