
Сура Нисо ҷузви сураҳои маданӣ аст; Яъне дар Мадина нозил шудааст ва интизор меравад мавзӯъоти иҷтимоӣ дар он вазни бештаре дошта бошанд. Ин сура 176 оят дорад ва дар Қуръони Карим чаҳорумин сура ва дар ҷузъи чаҳорум то шашуми Қуръон ҷой гирифтааст, аммо наваду дувумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Ин сураро Нисо (занон) номидаанд, чун бисёре аз аҳкоми фиқҳии марбут ба занон дар ин сура омадааст. Дар ин сура 20 бор “Нисо” ба маънии занон омадааст. Ихтисоси як сура аз Қуръони Карим ба номи занон аҳамияти мавзӯъи занон дар исломро нишон медиҳад.
Мамнуъияти тасоҳуби иҷбории амволи занон (19-21), ақсоми занон ва аҳкоми издивоҷ бо онон (22-28), риояти ҳуқуқи занон (127-130) ва тафовутҳои ҳуқуқии зан ва мард (32-35) аз ҷумла сарфаслҳои аслии мабоҳиси занон дар ин сура аст. Сураи Нисо ҳамчунин дар бораи аҳкоми заношӯӣ ва ирс сухан мегӯяд ва дар миёни онҳо ба аҳкоми намоз, ҷиҳод ва шаҳодат додан (гувоҳӣ додан) низ мепардозад.
Дар ин миён навъи мувоҷиҳаи Қуръон бо масоили марбут ба занон ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, зеро ҳуқуқе барои занон баршумурдааст, ки дар ҷомеаи он рӯз, мавриди таваҷҷӯҳ набуд. Аз ҷумлаи ин маворид ба расмият шинохтани ҳуқуқи молии занон аст, ки дар тайи солҳо тавсеа ёфт.
Дар ин сура зарурати ҳифз ва нигаҳдорӣ аз муҳиммтарин воҳиди иҷтимоӣ, яъне хонавода таъкид шудааст ва издивоҷ омиле барои ҳифзи иффати ҷомеа шинохта шуда ва ҳамчунин ҳуқуқ ва вазоифи мутақобили афроди ҷомеа ёдоварӣ мешавад.
Бар ин асос мафоҳими хонавода ва мабоҳиси марбут ба занон ба шакле дар ҳам танида ва муртабит дар ин сураи Қуръон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар ин сура ба ду достони муҳимми таърихӣ ишора дорад; Яке аз достонҳо марбут ба қасам хӯрдани шайтон барои гумроҳ кардани инсон аст, ки дар оятҳои 118 то 120 омадааст. Дувумин достон ба моҷарои гумроҳ шудан ва инҳирофи қавми бани Исроил ишора дорад, ки шомили мавзӯъоти дархост аз Мӯсо барои нишондодани Худованд, гӯсолапарастӣ, қатли Анбиё, тӯҳмат ба ҳазрати Марям(рз) ва иддаои қатли Исо(а) мешавад.
Аз сӯи дигар ба мӯъминон дар мавриди тавтеаҳо ва кинатузиҳои душманон ҳушдор медиҳад ва омодагии ҳамаҷониба ва муқобила бо душманон шинохта шударо зарурӣ медонад. Дар ин масир итоат аз раҳбари ҷомеа амри муҳимме аст, ки дар яке аз оёти муҳимми сураи Нисо ба он пардохта шудааст.
Калидвожаҳо: Қуръони Карим, сураҳои Қуръон, 114, сураи Нисо, зан дар Ислом, хонавода дар Ислом.