IQNA

Ҳунари  тиловати Қуръон / 13

Вижагиҳои мумтози лаҳнии тиловати устод Шаҳот

23:50 - October 08, 2023
рақами хабар: 538
Вижагиҳои мумтози лаҳнии тиловати устод Шаҳот
Теҳрон (ИКНА) тиловати марҳум устод Шаҳот Муҳаммад Анвар воқеан ҳазин ва ғамнок аст ва иттифоқан дар ривоёт мукарраран таъкид шудааст, ки Қуръонро ҳазин бихонед.

Марҳум устод Шаҳот Муҳаммад Анвар (1950- 2008) дорои лаҳни равон дар тиловат буд, ки ӯро ба мизони зиёде аз дигар қориёни мисрӣ мутамоиз кард. Устод Шаҳот ихтилофи пардаи савтӣ нисбат ба устод Миншовӣ дорад ва касе, ки аз ин сабк тақлид мекунад, бояд иртифоъи савтии муносибе дошта бошад.

Сабки хосси Шаҳот ба маънавияти тиловати ӯ воқеан меафзуд. Дар миёни қориён, афродеро сӯроғ дорем, ки аз устод Шаҳот Анвар, лаҳнпардозтар будаанд, аммо тиловати Шаҳот ба хотири митонат ва вазонати шахсиятии ӯ ва ҳузни тиловати ӯ мондагор шудааст.

Тиловати Шаҳот шод нест, ҳазин аст

Ҳисси одамҳо ва дарки онҳо аз зебоӣ мутафовит аст. Салиқаи одамҳо ба авомиле мисли ҷуғрофия, фарҳанг, одатҳо ва рӯҳиёти инсон бастагӣ дорад; Чӣ рӯҳияи худи қорӣ ва чӣ рӯҳияи шунаванда. Тиловати Шаҳот воқеан ҳазин аст. Як формулаи омиёна барои тиловати ҳазин вуҷуд дорад. Агар тиловатеро шунидед ва ашк аз чашмонатон ҷорӣ шуд, он тиловат ҳазин аст. Ва иттифоқан дар ривоёт мукарраран таъкид шудааст, ки Қуръонро ҳазин бихонед. Қироати бидуни ҳузн (ғамнокӣ) маъное надорад. Албатта оёти раҳмат ва неъмат бояд нишот ва умед дар мухотаб эҷод кунад, аммо ҳамин нишот ва умедро ҳам бояд ҳазин илқо кард.

Яке аз авомиле, ки боиси танаввӯъ дар нағамот мешавад, ҳолатҳои динамик аст. Агар асвот ва нутҳоро бидуни ҳолатҳо ва эҳсосот иҷро кунед, ҳамонанди садои муназзами мошин, беэҳсос хоҳад буд. Ҳолатҳо ҳадафи ҳунарро, ки баёни эҳсосот ҳастанд, таъмин мекунад. Бархе ҳолатҳо дарунӣ ҳастанд: монанди ҳолати хавф, хашм, ғам, умед, хушҳолӣ, убуҳҳат, меҳрубонона ва..., ки устод Мустафо Исмоил аз ин равиш барои илқои маонӣ, бисёр истифода мекунад.

Бархе ҳолатҳо берунӣ ҳастанд монанди: шиддат ва оксони ногаҳонӣ бар рӯи як садо, аввал қавӣ ва билофосила мулоим кардани садо, ба тадриҷ қавикардани садоҳо, ба тадриҷ мулоимкардани садоҳо ва .... Устод Шуъайшаъ ба сурати вижа аз ин равиш барои илқои маонӣ истифода мекунад. Устод Шаҳот илова бар тағйири нағамот ва истифода аз ҷумалоти лаҳние мутанаввеъ барои илқои маонӣ, ба тановуб аз ҳолатҳои ҳам истифода мекунад.

Устод Шаҳот дар тиловати сураи Тоҳо, ки дар соли 1369 дар ҳусайнияи Иршоди (Эрон) иҷро кард, онҷо, ки дар оёти 45 ва 46, Мӯсо ва Ҳорун(а) ба даргоҳи илоҳӣ арза медоранд, ки «метрсанд Фиръавн бар он ду барошубад», ҳисси тарсро бо нағма, ҳолат ва бо таъкид бар калимаи (нухоф) илқо мекунад ва дар ояти баъд, ки Худо мефармояд: «Натрсед, ки ман ҳамроҳи шумоям», ҳисси умед ва рӯҳ бахшеро дар нағмаи худ ба кор мегирад ва ҳолате, ки ба асвот медиҳад, қобили дарк аст.

Ҳамчунин дар мақтаъи дурахшони тиловати сураи муборакаи Оли Имрон оёти 36 ва 37, дурахшонтарин нағмапарозиҳо ва ҳолоте, ки эҳсосоти модари Марям (с)-ро ҳикоят мекунад, ба иҷро мегузорад; Онҷо, ки ҳамсари Имрон дар орзӯи доштани фарзанд ба сар мебарад ва назр мекунад, ки агар Худо ба ӯ фарзанде диҳад, ӯро ходими Байтулмуқаддас қарор диҳад, аммо қонуни маъбад ба ин гуна аст, ки ходим бояд писар бошад. Вақте бача ба дунё меояд, мебинад, ки фарзанд, духтар аст ва ба Худованд арза медорад: Парвардигоро ман ӯро духтар овардам ва...

captcha