Шайх Маҳмуд Ал-Буҷайремӣ дар соли 1933 мелодӣ, дар рустои Буҷайрем, воқеъ дар устони Манофияи Миср, чашм ба ҷаҳон гушӯд.
Маҳмуд аз овони кӯдакӣ, таҳти тарбияти динӣ ва қуръонӣ қарор гирифт. Дар ҳамин росто Қуръонро ҳифз кард ва ба фарогирии таҷвид ва усули он пардохт. Пас аз чанде ба муассисаи Қуръони Шубаро пайваст; Вай дар ин марказ, қироатҳои мухталифи Қуръонро омӯхт.
Аз онҷо, ки аз садои зебо ва адои лаҳни матин ва зебое баҳраманд буд, тиловати оёти Қуръонро дар пеш гирифт ва аз сабк ва услуби қориёни машҳури замона истифода кард.
Ӯ алоқаи фаровоне ба равиши лаҳнии Шайх Мустафо Исмоил дошт. Бинобар ин дар ибтидои масири Қуръонии худ тақлид аз сабки ӯро оғоз кард. Маҳмуд Ал-Буҷайремӣ, пас аз онки дар тиловати Қуръон ба тасаллут ва маҳорат даст ёфт, зимни ширкат дар озмуни интихоби қориёни радиои Миср дар соли 1986 мелодӣ тавонист номи худро ба унвони қории ин расона сабт кунад ва дар канори машоҳири қироати Қуръон, ба тиловати китоби Худо машғул шавад.
Вай илова бар онки дар радио ба қироати Қуръон мепардохт, дар маҳофил ва маҷолисе, ки тавассути радио пӯшиш дода мешуд ва ба сурати зинда барои шунавандагони дохил ва хориҷ аз Миср пахш мешуд, ҳузури пурранг дошт. Маҳофили субҳгоҳии масҷиди Имом Ҳусайн (а), намунаое аз ин маҷолисанд, ки вай дар онҳо осори фохире аз худ бар ҷой гузошт.
Шайх Маҳмуд дар соли 1966 мелодӣ кори худро ба унвони қорӣ дар масҷиди Умар ибни Абдулазиз воқеъ дар Мисрул ҷадида оғоз кард, сипас дар соли 1980 мелодӣ ба унвони қорӣ дар масҷиди Айнул-Ҳаёт баргузида шуд. Интишори шӯҳрат ва овозаи ӯ дар ақсо нуқоти кишварҳои исломӣ мӯҷиб шуд то барои қироати Қуръон ба сарзаминҳои мухталиф даъват шавад, барои мисол зимни сафар ба Аморати Муттахидаи Арабӣ ба тиловат дар муҳиммтарин масоҷиди ин кишвари ҳошияи халиҷи Форс пардохт ва бархе аз осори худро дар телевизиони Аморот мондагор кард.
Бархе аз соҳиб назарон гуфтаанд, Шайх Маҳмуд Ал-Буҷайремӣ бо вуҷуди баҳрамандӣ аз адои Қуръони матин ва мусаллат, дучори кунадии ошкоре дар хондан ё кунадӣ дар адои ҳуруф буд ба наҳве, ки гоҳе бархе аз ҳуруфро пеш аз ҳадди лозим мекашед аз ин ҷиҳат яке аз мусиқидонони тарози аввали Миср ба ӯ сифориш кард то ҷиҳати беҳбуди маҳоратҳои адо ва рафъи навоқиси мавҷуд дар маҳзари Шайх Дарвеш Ҳарирӣ, ки саҳми басазое дар тарбияти қориёни машҳур дошт, ҳозир шавад то аз таҷрибиёти ӯ истифода кунад.
Шайх Маҳмуд Ал-Буҷайремӣ пас аз солҳо хидмат ба Қуръон ва барҷо гузоштани осори арзишманде аз тиловатҳои зебо ва матин саранҷом дар соли 1992 мелодӣ даргузашт.