Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Фаластин, гузоришҳои манобеи расмӣ ва вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза нишон медиҳад, ки беш аз 35 дарсад аз маҷмӯъи шуҳадои ҳамалоти режими опортойди Исроил кӯдак ва занон ва модарони фаластинӣ ҳастанд.
Ҳамчунин ду хабарнигори фаластинӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз, ба сохтумони мавсум ба Ҳоҷҷӣ дар ғарби шаҳри Ғазза ба шаҳодат расиданд.
Шаҳид Саид ат-Тувайл ва Ҳишом ан-Навоҷаҳа, ду хабарнигори фаластинӣ ҳастанд, ки дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба сохтумони хабарнигорон дар ғарби шаҳри Ғазза ба шаҳодат расиданд.
Дар идома видеои аз охирин гузориши шаҳид Саид ат-Тувайлро мебинед, ки аз тахлияи комили минтақаи Ҳоҷҷӣ дар шаби гузашта хабар медиҳад.
Мухаммад Субҳ низ севумин хабарнигоре аст, ки дар ин ҳамла ба шиддат маҷрӯҳ шудааст.
Режими саҳюнистӣ омидона сохтумони хабарнигорон дар Ғаззаро ҳадаф қарор дода то монеи аз пӯшиш вақоеъ ва ҷиноятҳое шавад, ки ин режими палид дар ин шаҳр ба он даст мезанад.
Ҳамчунин вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза рӯзи сешанбе эълом кард, ки аз оғози набарди Тӯфони Ал-Ақсо то кунун 208 кӯдак ва зан дар Навораи Ғазза шаҳид шуданд. Аз ин теъдод аз шуҳадои Навори Ғазза 143 кӯдак ва 105 тан занон ва модарони фаластинӣ ҳастанд.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза маҷмӯъи шуҳадои фаластинӣ дар ин чанд рӯзро низ то ин лаҳза 704 нафар эълом кард.
Бар асоси гузориши ин вазоратхона, шумори маҷрӯҳон низ ба ҳудуди чаҳор ҳазор нафар расидааст.