IQNA

Дар конфронси Полша матраҳ шуд

Листи сиёҳи "Шенген" аз мусулмонон ба баҳонаи таъмини амният

13:17 - October 14, 2023
рақами хабар: 564
Полша (ИКНА) листи сиёҳ ба кишварҳои узви паймони Шенген (Schengen) иҷоза медиҳад то афродро аз вуруд ба минтақаи Шенген боз доранд. Ин тарҳ бар улгуи густурдатаре таъкид мекунад, ки дар он чеҳраҳои барҷастаи ҷомеаи мусулмонон ба таври ноодилона дар листҳои сиёҳ қарор мегиранд.

Яке аз масоиле, ки баъд аз 11сентябр дар Амрико ва ба баҳонаи амнияти ин кишвар аз сӯи сервисҳои иттилоти Амрико ба иҷро даромад эҷоди феҳристе аз афроде буд, ки ба доштани ақоиди ифротӣ ва мустаид барои анҷоми харобкорӣ машкук буданд.

Бар асоси ин тарҳ, ин афрод мавриди расади иттилоотӣ ва маҳрум аз бархе ҳуқуқи худ монанди савор шудан ба ҳавопаймо барои сафар буданд. Ба назар мерасид, ки ин кор бо ҳадафи маҳдудият ва тамаркуз бар мусулмонон ба баҳонаи мубориза бо ифротигарӣ буд. 

Аврупо аз дербоз ба унвони қорраи мутанаввеъ дар назар гирифта шуда, ки дорои ҷавомеи ғанӣ аз фарҳангҳо ва мазоҳиби мухталиф аст. Аммо таҳаввулоти ахир нигарониҳои қобили таваҷҷуҳеро дар мавриди афзоиши исломҳаросӣ дар чандин кишвари аврупоӣ эҷод кардааст.

Дар як конфронси бузурги амниятӣ ва ҳуқуқи башар дар Полша (OSCE), ки панҷшанбе, 5 октябр баргузор шуд, ҳафт гурӯҳи мусулмон аз Утриш, Фаронса, Шветсия, Испания ва Нидерланд алайҳи фазои исломҳаросӣ ҳимоят шуда аз сӯи давлат, ки онҳо дар кишварҳоияшон бо он мувоҷеҳ ҳастанд, сӯҳбат карданд. Мавзӯи иҳонатомез, қарор додани ноодилонаи шахсиятҳои калидии ҷомеаи мусулмон дар листи сиёҳ буд.

Листи сиёҳи Шенген 

Яке аз масоили қобили таваҷҷуҳе, ки дар ин конфронс ошкор шуд, парвандаи Муҳаммад Рабонӣ (Muhammad Rabbani), мудири бахши байналмилали Созмони Кейҷ (Cage) буд, ки ба далели қароргирифтани номи ӯ дар листи сиёҳи системи иттилооти Шенген аз вуруд ба Полша манъ шуд. 

حضور مسلمانان در لیست سیاه شنگن به بهانه تامین امنیت

Созмон Кейҷ дар соли 2003 ва бо роҳандозии як веб-сайт кори худро оғоз кард. Ин созмон яке аз созмонҳои пешрав буд, ки рӯи интишори асомии боздоштшудагон дар Гуантанамо кор мекард. Дар ҳоли ҳозир созмони Кейҷ дар Лондон мустақар буда ва ҳадафи он тавонмандсозии ҷавомеи аст, ки таҳти таъсири ҷанг алайҳи терроризм қарор гирифтаанд. 

Ҳадафгузории системавӣ алайҳи мусулмонон 

Адни ал-Канфудӣ (Adani el-Kanfoudi), сухангӯи дидабони ҳуқуқи мусулмонон дар Нидерланд, таъкид кард, ки феҳристи сиёҳ ноодилона афроди мусулмон танҳо яке аз ҷанбаҳои як улгуи густурдатар ва нигаронкунандааст. Вай хотирнишон кард, ки бисёре аз мусулмонони Нидерланд ба созмони ӯ муроҷиа ва изҳор карданд, ки мақомот Нидерланд онҳоро ба иштибоҳ дар листҳои террористӣ қарор додаанд.

Орман Ҷезиз (Arman Jeziz), намояндаи созмони Инсон (Insan Association) аз Шветсия, ҳангоми суханронӣ дар конфронс аз оташ задани як масҷид дар Шветсия хабар дод. 

Орман Ҷезиз хатти машйи Аврупоро, ки масоҷид ва мутуни динӣ монанди Қуръонро мавриди иҳонат ва ҳатки ҳурмат қарор медиҳад, пӯшиши мусулмононро маҳдуд ва мусулмононро таҳти назорати густурда қарор мегиранд, зери савол бурд. Бахши дигаре аз сӯҳбатҳои Орман Ҷезиз нигарониҳои буд, ки дар мавриди ояндаи ҷамъияти мусулмони Аврупо вуҷуд дошт.

Ширкаткунандгоне аз Фаронса низ нигарониҳои худро дар нишасти OSCE баён карданд. Онҳо мамнуъияти ҳиҷоб дар мадорис ва қатлҳои ахири мардони ҷавон бо аслияти аз Африқои Шимолӣ ба дасти полисро ба унвони манбаи ташдид танишҳо барҷаста карданд.

Садои гурӯҳҳои ҷомеаи мадании мусулмон дар конфронси OSCE ба унвони ёдоварии ин мавзӯъ аст, ки исломҳаросӣ дар Аврупо дар ҳоли афзоиш буда ва афрод ва ҷавомеаро ба туруқи мухталиф таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар ҳоле, ки Аврупо ба думболи танаввӯъи фарҳангии худ аст, бояд бо исломҳаросӣ муқобила ва дар ҷиҳати тақвияти эҳтиром ва дарки мутақобил миён ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз эътиқодоти мазҳабии онҳо, талош кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4173798

captcha