Шаҳрвандони Афғонистон бо сардодани шиорҳое дифо аз миллати мазлӯми Фаластин ва ҷилавгирӣ аз ҷиноёти режими палиди саҳюнистӣ, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои мусулмон хостанд ҳарчи сареътар вориди амал шуда ва ҷангро дар Ғазза мутаваққиф кунанд.
Онон бо шиор додани "Марг бар Исроил" ва "Марг бар кишварҳои ғарбӣ" нафрати худашонро аз режими ишғолгари Қудс нишон доданд.
Ҳамзамон бо ин шуморе аз шаҳрвандони Кобул бо баргузарии як гирдиҳамоӣ дар муқобили масҷиди Идгоҳ, пуштибонияшонро аз мардуми Фаластин эълом карданд.
Онон низ бо сар додани шиорҳои зиди исроилӣ, ҳамлаҳои ин режими ишғолгар бар Ғаззаро маҳкум карданд.
Ҳазорон тан аз шаҳрвандони Кобул, дар тазоҳуроти зидди саҳюнистии рӯзи ҷумъа, ки бо шиорҳои «"Марг бар Исроил ва марг бар Амрико" ҳамроҳ буд, бо судури қатъномае ҷиноёти режими саҳюнистиро бо шадидтарин алфоз маҳкум карда ва аз толибон хостанд то заминаи ҳузури неруҳои Низомии довталаб аз Афғонистонро дар амалиёти Тӯфони Ал-Қудс дар Фаластин муҳаё кунад.