Муҳаммад Аҳмад Имрон, қорӣ ва мубтаҳили машҳури мисрӣ аст. Ӯ дар соли 1944 дар шаҳри Таҳто дар устони Соҳаҷи Миср ба дунё омад.
Муҳаммад Аҳмад Имрон, дар як солагӣ биноӣ худро аз даст дод ва модараш аз Худованди Мутаол хост, ки фарзандаш ҳофизи Қуръон шавад. Худованд дуои модарро пазируфт ва фарзандаш қорӣ ва мубтаҳили машҳур дар Миср ва ҷаҳони Ислом шуд.
Ӯ 10 сола буд, ки ҳифзи Қуръонро ба поён расонд ва пеш аз 12 солагӣ усул ва қавоиди таҷвидро омӯхт ва муваффақ ба дарёфти иҷозаи қироат шуд.
Имрон аз шайхи Нақшбандӣ (1920 - 1976) таъсири зиёде гирифт. Шайх ба ӯ тавсия кард ба Қоҳира сафар кунад ва ӯ бо синнӣ каме, ки дошт ба ин тавсия амал кард. Имрон ба омӯзишгоҳи мусиқӣ нобиноён дар Қоҳира рафт ва мақомоти мусиқиро дар онҷо фарогирифт.
Имрон пас аз поёни давраи дабиристон дар як ширкати рехтагарӣ машғул ба кор шуд. Ҳамчунин ба унвони қорӣ дар масҷиди ин ширкат, Қуръон қироат мекард ва ба сурудани сурудаҳои динӣ мепрдохт.
Муваффақият дар имтиҳоноти ибтиҳоли радиои Қуръони Миср дар даҳаи ҳафтод оғози шуҳрати Муҳаммад Имрон буд. Пас аз он Муҳаммад Аҳмад Имрон, дар барномаҳо ва ҷашнҳои динии бисёре ширкат кард.
Ӯ яке аз машоҳири қироати Миср аст, ки бо нубуғи фаровони худ дар тиловат ва бо истифода аз дониши мусиқоӣ, тавонист шеваи хос дар қироат ва ибтиҳол, эҷод кунад.
Ин қорӣ ва мубтаҳили равшандили мисрӣ ба мусиқӣ низ алоқаманд буд. Ӯ мӯътақид буд, ки омӯхтани мусиқӣ метавонад ба ибтиҳол кӯмак кунад.
Вай аз нахустин мубтаҳилоне буд, ки дар маросими шод низ иқдом ба қироати Қуръон ва ибтиҳол кард. Ҳамчунин дар маҳофили хусусӣ бо ҳунармандон ва хонандагони бузург низ ҳамроҳӣ мекард ва дар иҷрои худ ибтикор ба харҷ медод, ба тавре, ки мавриди таваҷҷуҳи чеҳраҳои матраҳи арсаи мусиқӣ ва лаҳн қарор гирифт.
Ӯ дар 6 октябр 1994 пеш аз 50 солагӣ аз дунё рафт. Ҳамзамони даргузашти ӯ бо солгарди пирӯзиҳои октябри Арабҳо бар Исроил ва пахши вижабарномаҳо ва ҷашнҳои ин муносибат аз телевизиони Миср, боис шуд то хабари марбут ба даргузашти Муҳаммад Аҳмад Имрон, мунташир нашавад ва радиои Миср низ пас аз гузашти 20 рӯз аз вафоти ин қорӣ ва мубтаҳили нобино, ин хабарро расонаӣ кард.