Мо акнун шоҳиди набарди бисёр бузург ва фарогир ҳастем, ки ниёзманди ҳимояти ҳамаҷонибаи мусулмонони ҷаҳон аст. Ҳамонтавр, ки кофарон бо ҳам муттаҳид ҳастанд мусулмонон ҳам бояд барои ҳуқуқи худ муттаҳид бошанд, бояд тамоми тавони худро басиҷ кунем.
Нишасти "Аз Тӯфони Ал-Ақсо то субҳи озодӣ" ба ҳиммати муовинати фарҳангии ҷиҳоди донишгоҳӣ, бо ҳамкории ҷамъияти дифо аз миллати Фаластин ва Созмони Қуръонии донишгоҳёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳадафи бозхонии абъоди фарҳангии сиёсии Тӯфони Ал-Ақсо ва дастовардҳои низомӣ, амниятӣ ва . . . Муқовимати Исломии Фаластин дар ин амалиёт бо ҳузури раис, муовинон ва ҷамъе аз ҷиҳодгарони ҷиҳоди донишгоҳӣ субҳи дирӯз баргузор шуд.
Дар ин гирдиҳамоӣ Ҳасан Муслимии Ноинӣ, раиси Ҷиҳоди донишгоҳӣ; Носири Абушариф, намояндаи Ҷумбиши ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Теҳрон; Ҳусайни Руёниён, муовинати сиёсии ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин ва Холид Қудумӣ, намояндаи Ҷумбиши муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) дар Теҳрон суханронӣ карданд.
Носири Абушариф дар суханони худ гуфт: амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо заъфи Исроилро нишон дод ва собит кард, ки қудрати ин режим зотӣ нест балки муттакӣ ба ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз ин режим аст.
Абушариф афзуд: Исроил як дежи мустаҳками амниятӣ бо ҳазинаи як миллиард доллар дар Навори Ғазза эҷод карда буд. Ин деж шомили дурбинҳои бисёр пешрафтаи 24 соата, дастгоҳҳои шунуди қавӣ аст. Ҳамаи мубойлҳо ва интернет таҳти ишрофи режими саҳюнистӣ аст. Паҳподҳои ин режим 24 соата дар ҳоли гаштзанӣ ҳастанд. Бо ҳамаи ин имконот ва таҷҳизоти амниятӣ чунин амалиёте ки аз назари тарроҳӣ ва иҷро беназир буд бо истифода аз як соати ғафлати саҳюнистҳо анҷом шуд. Онҳо танҳо як соат муқовиматро дасти кам гирифтанд ва чунин шикасте хӯрданд.
Вай идома дод: ин пирӯзиҳо ба фазли илоҳӣ идома дорад, аммо шарти тадовуми он тақво, имон ва пойдорӣ дар масири ҳақ аст. Мо дар Ғазза шоҳиди ҷинояти бузурге алайҳи башарият ҳастем, ки шомили муҷозоти даста ҷамъӣ, куштори кӯдакон ва занон, наслкушӣ, бомбаборони беморостонҳо, қатъан, барқу кӯмакҳои ғизоӣ аст.