IQNA

Хондани Қуръони имдодгари фаластинӣ дар буҳрони ҷанг + филм

23:05 - October 19, 2023
рақами хабар: 594
Фаластин (ИКНА) видеои тиловати оёте аз Қуръони Карим аз сӯи як имдодгари захмии фаластинӣ дар Навори Ғазза таваҷҷуҳи бисёреро ба худ ҷалб кардааст.

Тиловати оёте аз Қуръони Карим аз сӯи имдодгари захмии фаластинӣ таваҷҷуҳи бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст.

Дар ин видео имдодгари маҷрӯҳи фаластинӣ бо хондани ояти шарифаи зер аз сураи муборакаи Тур ба худ дилдорӣ медиҳад:

 وَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعْيُنِنَا وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ (48) "Ва дар баробари дастури Парвардигорат шакибоӣ пеша кун, ки ту худ дар ҳимояти мо ва ҳангоме, ки [аз хоб] бар мехезӣ ба ниёиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй"

Дар пайи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза токунун беш аз 2800 нафар ба шаҳодат расидаанд. Вазорати беҳдошти Фаластин бо судури баёнияе аз афзоиши шумори шуҳадои фаластинӣ дар Ғазза ба 2837 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 12000 нафар хабар дод.

код

https://iqna.ir/fa/news/4175912

captcha