Ҳамла ба бемористони Ғазза хашми муътаризони саросари ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошта ва мардуми кишварҳои мухталиф бо баргузории тазоҳурот хашму безории худро аз саҳюнистҳо изҳор карданд.
Хонаҳои фаластиниҳо ҳамчунон мавриди ҳамлаи саҳюнистҳо қарор мегирад ба тавре, ки дар камтар аз як соат 33 фаластинӣ дар бомбарони хонаҳояшон ба шаҳодат расиданд.
Афзоиши шумори куштаҳои артиши режими саҳюнистӣ
Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз кашфи аҷсоди ҷадиди низомиёни артиши ин режим хабар дод.
бо кашфи аҷсоди низомиёни мазкур, омори куштаҳои ин низомиён аз ибтидои амалиёти Тӯфони Ақсо ба 306 афзоиш ёфт. Омори расмии қаблӣ, 291 нафар буд.
Охирин омори шаҳидони фаластинӣ
Вазорати тандурустии Фаластин шумори шаҳидони ин кишвар аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсоро 3478 шаҳид ва беш аз 12 ҳазор маҷрӯҳ эълон кард.
https://tajikpress.com/2023/10/19/%D0%B8%D0%B4%D0%BE%D0%BC%D0%B0%D0%B8