IQNA

Шаҳида Ҷамила Аш-Шантӣ: Аз широкат дар таъсиси Ҳамос то масъули Дорулқуръон ва вазири умури занони Ғазза

12:02 - October 21, 2023
рақами хабар: 597
Фаластин (ИКНА) маҷлиси қонунгузории Фаластин муҷоҳидатҳои шаҳида Ҷамила Аш-Шантӣ, нахустин бонуи узви дафтари сиёсии Ҳамос дар ҳавзаи донишгоҳ ва сиёсатро сутуд.

Ҷамила Аш-Шантӣ, аз аъзои дафтари сиёсии Ҳамос дар пайи бомбаборони манзили вай дар шаҳри Ғазза тавассути ишғолгарони саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Маҷлиси қонунгузории Фаластин дар Навори Ғазза шаҳодати Ҷамила Аш-Шантӣ узви дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро, ки дар бомбаборони шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ба шаҳодат расид, тасалият гуфт.

Ин маҷлис рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, ки Ҷамила Аш-Шантӣ зиндагии саршор аз эсор, талош ва фидокориро дар роҳи пешбурди ормони Фаластин сипарӣ кард ва нақши муҳим ва барҷастае дар парлумон, донишгоҳ, сиёсат, дифоъ ва омӯзиши Фаластиниён ифо кард. 

Ҷамила Аш-Шантӣ, фориғуттаҳсили донишгоҳи Айнушшамс дар Масрав дар соли 1987 аз бунёнгузорони Ҳамос маҳсуб мешуд ва барои ду давраи мутаволӣ ба унвони раиси Шӯрои машваратии занон дар Ҳамос хидмат кард.

Вай дар соли 2013 аз донишкадаи Улуми хонаводаи донишгоҳи Дубай дар Иморот мадраки докторӣ дар риштаи мудирияти тарбиятӣ дарёфт кард ва ҳамон сол симати Вазорати умури занон дар давлати Навори Ғаззаро бар ӯҳда гирифт.

Вай дар соли 2021 дар дафтари сиёсӣ мсъулияти расидагӣ ба умури донишгоҳҳо ва Дорулқуръонҳоро бар ӯҳда доштааст.

شهیده الشنطی از شراکت در تاسیس حماس تا مسئول دارالقرآن و وزیر امور زنان غزه/اماده

شهیده الشنطی از شراکت در تاسیس حماس تا مسئول دارالقرآن و وزیر امور زنان غزه/اماده

.https://iqna.ir/fa/news/4176481

 

captcha