
Наваду панҷмин сураи Қуръони Карим “Тин” ном дорад. Ин сура бо 8 оят дар ҷузъи сиюми Қуръон қарор гирифтааст. “Тин”, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул бисту ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Номгузори ин сура ба Тин (анҷир), ба далели қасамхӯрдани Худованд ба он дар ояти аввал аст.
Сураи Тин аз ҷумла сураҳое аст, ки бо савганд оғоз мешавад ва Худованд ба чаҳор чиз (анҷир, зайтун, сарзамини Тури сино ва шаҳри Макка) савганд ёд мекунад. Аз анҷир як бор ва аз зайтун шаш бор дар Қуръон ном бурда шудааст.
Меҳвари аслии сураи Тин, баёни масъалаи қиёмат ва подоши охират аст. Сураи Тин дар бораи фарорасидани рӯзи қиёмат, ҳисобрасии Худованд ва подоши охират сухан мегӯяд. Ибтидо ба хилқати инсон бар шоистатарин шакл, ишора мекунад ва сипас ба ин нукта мепардозад, ки бархе аз афрод, бар фитрати аввалияашон боқӣ мемонанд; Аммо бархе ба поинтарин ҷойгоҳ мерасанд. Бинобар ин офаринши инсон бар фитрати илоҳӣ ва “Аҳсани тақвим” (беҳтарин ҳолат) аст, аммо инсонҳо ба ду гурӯҳ мӯъмин ва кофир тақсим мешаванд.
Худованд чаҳор савганд ёд кард то бигӯяд инсонро аз ҳар назар шоиста ва мутаносиб офаридааст. Аммо ҳар инсоне бо таваҷҷуҳ ба рушд ва тавоноиҳояш, истеъдоди инро дорад, ки ба болотарин ҷойгоҳ бирасад ва назди Парвардигораш аз зиндагонии ҷовдона ва пур аз хушбахтӣ ва ба дур аз бадбахтиҳо ва ситамҳо, истифода кунад.
Баъзе аз муфассирон иборати “Аҳсани тақвим”-ро таносуби қад ва андом ва маҳкам будани хилқати инсон дар даврони ҷавонӣ ва “Асфалуссофилин”-ро заъф ва сустии инсон дар даврони пирӣ донистаанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба ояти шашуми сура, ки аҳли имон ва амали солиҳро аз фурӯ афтодан ба “Асфалуссофилин“ истисно мекунад, ин назар пазируфта нест.
Дар мавриди ду калимаи “Тин” ва “Зайтун” низ назарияҳои мухталифе матраҳ шудааст. Баъзе муфассирон он дуро, хӯрдании мавриди алоқаи арабҳо донистаанд. Баъзе дигар, Тин ва Зайтунро ишора ба ду масҷид медонанд, ки яке дар Шом (Сурия) ва дигарӣ дар Байтулмуқаддас (Фаластин) аст ва ё ду кӯҳи Тино ва Зито, ки дар ин ду минтақа қарор гирифтааст.
Баъзе низ он дуро, ба далели вуҷуди ду иборати “Тури Синин” ва “Балади Амин”, ишора ба маконҳое дар Шом ва муртабит бо маҳалли таваллуд ва зиндагии ҳазрати Исо (а) донистаанд.
Бештари муфассирон “Тури Синин”-ро кӯҳи Сино (маҳалли сӯҳбат кардани ҳазрати Мӯсо бо Худованд) ва “Балади Амин”-ро Макка дар Арабистон донистаанд.