Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳазорон нафар аз тазоҳуроткунандагон рӯзи гузашта (якшанбе) дар аввалин тазоҳурот дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин аз замони оғози ҳамалоти Исроил ба Ғазза дар Париж, пойтахти Фарнсо даст ба тазоҳурот заданд.
Тазоҳуроткунандагон дар хиёбонҳои Париж ҳамалоти артиши ҷинояткори Исроил ба Навори Ғаззаро маҳкум ва аз Фаластинён ҳимоят карданд.
Онҳо бо барафроштани банерҳое зимни сардодани шиорҳои мутааддид дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин, ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва нафйи таҷовузоти густурдаи режими ишғолгари Исроил дар ҳоле, ки парчами Фаластинро ба эҳтизоз дармеоварданд шиор медоданд: «Ғазза! Париж бо шумост.»
Бар асоси омори полис, ҳудуди 15000 нафар дар майдони ҷумҳурӣ барои эъломи ҳамбстагӣ бо Фаластиниҳо ҳузур доштанд.
Ҳамчунин ҳазорон амрикоӣ рӯзи гузашта дар шаҳрҳоии Лос-Анҷлес ва Вашингтон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза даст ба тазоҳурот заданд.