IQNA

Сураҳои Қуръон / 96

Аввалин оёте, ки бар Паёмбар (с) нозил шуд

20:20 - October 24, 2023
рақами хабар: 618
Аввалин оёте, ки бар Паёмбар (с) нозил шуд
Теҳрон (ИКНА) панҷ ояти аввали сураи “Алақ” аввалин оёте ҳастанд, ки тавассути Ҷабраили Амин бар Паёмбари Ислом (с) нозил шуд. Ин оёт бар хондан ва илмомӯзии инсонҳо таъкид дорад.

Наваду шашумин сураи Қуръони Карим “Алақ” ном дорад. Ин сура бо 19 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Алақ, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, аввалин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст. Панҷ ояти аввали ин сураро аввалин оёти нозил шуда бар Паёмбар (с) медонанд.

Худованд дар ояти дувуми ин сура, оғози офариниши инсонро “Алақ” (хуни баста шуда) медонад. Ном “Алақ” барои сура, аз ин оят гирифта шудааст.

Ба гуфтаи муфассирон, ҳангоме, ки Паёмбар (с) дар кӯҳи Ҳаро ҳузур дошт, Ҷабраили Амин бар ӯ нозил шуд ва гуфт: Эй Муҳаммад бихон! Паёмбар (с) гуфт: ман қироат куннда нестам. Ҷабраил ӯро дар оғӯш гирифт ва фишурд ва бори дигар гуфт: бихон! Паёмбар (с) ҳамон ҷавобро такрор кард. Бори дуввум низ ҷабраил ин корро кард ва ҳамон ҷавобро шунид, ва дар севумин бор гуфт: «اِقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّک الَّذِی خَلَقَ... (То охири оёти панҷуми сураи Алақ)». Ин суханро гуфт ва аз дидаи Паёмбар (с) пинҳон шуд. Расули Худо (с), ки бо дарёфти нахустин ваҳй бисёр хаста шуда буд ба сӯроғи ҳамсараш, Хадиҷа (а) омад ва фармуд: «زَمّلونی و دَثّرونی: маро бипушонед ва ҷомае бар ман бияфканед то истироҳат кунам».

Мафҳуми куллии сура шомили ёдоварии тавҳид, гиромидошт ва бузургдошти илм ва қалам ва робитаи сармоядорӣ бо саркашии инсонҳо мешавад.

Сура дар оғоз ба Паёмбаи Акрам (с) дастури хондан медиҳад; Аз офариниши инсон бо тамоми бузургииаш, аз хуни беарзиш сухан мегӯяд. Аз такомули инсон бо кумаки лутф ва бахшиши Парвардгор ва ошноӣ ӯ бо илм ва дониш ва қалам баҳс мекунад. Аз инсонҳои носипосе, ки саркашӣ мекунанд, сухан ба миён меоварад ва ба муҷозоти дардноки касоне ишора мекунад, ки монеи ҳидояти мардум ва аъмоли неканд. Саранҷоми сура ба саҷдакардан ва наздикшудан ба Парвардигор дастур медиҳад.

Худованд дар нахустин оёти нозилшудаи Қуръон, Паёмбари Ислом (с)-ро ба хондан дастур медиҳад. Аллома Таботабоӣ, манзур аз ин хонданро хондани оёти Қуръон медонад.

captcha