IQNA

Афзоиши нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон дар Лондон

21:15 - October 28, 2023
рақами хабар: 630
Лондон (ИКНА) бар асоси эъломи полиси Лондон дар пайи амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ҷароими мубтанӣ бар нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон дар Лондон дар тули як ҳафтаи ахир афзоиши ду баробарӣ доштааст.

Омори мунташир шуда тавассути полиси Лондон нишон дод, ки ҷароими марбут ба исломситезӣ дар пайи шурӯъи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст.

Аз замони оғози даргириҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ танишҳо дар Англистон ва ҷоҳои дигар афзоиш ёфта, ба гунае, ки боиси шудааст то тазоҳуроте барои эъломи ҳамбстагӣ бо Фаластиниҳо баргузор шавад. Ин дарҳоле аст, ки гурӯҳҳои яҳудӣ низ барои эъломи ҳамбстагӣ бо Исроилиҳо таҷаммӯотеро баргузор кардаанд.

Ба гуфтаи Кайл Гордон, яке аз мақомоти полиси Лондон ҷароими мубтанӣ бар исломҳаросӣ дар соли ҷорӣ 174 маврид будааст. Ин дарҳоле аст, ки дар муддати мушобеҳ дар соли қабл танҳо 65 маврид аз ин навъ ҷароим ба сабт расида буд.

Ин мақоми масъул дар полиси Лондон дар айни ҳол тасреҳ кард, ки аз замони шурӯъи даргириҳо дар Фаластин, 75 нафар дар робита бо ҷароими мавриди ишора боздошт шудаанд.

Лондон имрӯз шанбе шоҳиди бузургтарин тазоҳуроте буд, ки дар ростои ҳимоят аз мардуми Ғазза ва маҳкумияти ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ баргузор шуд.

https://iqna.ir/00HWzQ

captcha