IQNA

Мусобиқоти Қуръон донишомӯзони шиа дар Индонезия баргузор шуд

21:32 - October 28, 2023
рақами хабар: 632
Индонезия (ИКНА) мусобиқоти ҳифзи Қуръони донишомӯзони Индонезия ба ҳиммати маркази таблиғоти Қуръони остони Ҳусайни дар Ҷакарта ва бо ҳузури 200 донишомӯзи духтар ва писар баргузор шуд.

Ба гузориши сайти остони Ҳусайнӣ, маркази таблиғоти Қуръони байналмилалии остон муқаддаси Ҳусайнӣ аз тариқи шӯъбаи худ дар Индонезия мусобиқаи вежаи ҳифзи Қуръони Каримро барои шашумин соли мутаволӣ дар Ҷакарта баргузор кард.

Абдуллоҳи Бек, масъули шӯъбаи марказ дар Ҷакарта гуфт: ҳамзамон бо шабҳои пур саодати мелоди Набии Акрам(с), ки ҷашнҳои он ба муддати як моҳи комил дар шаҳрҳои мухталифи Индонезия идома дорад, шӯъбаи марказии таблиғоти Қуръони остони Ҳусайнӣ мусобиқаи Қуръони вижаи ҳифзи Қуръони Каримро баргузор кард.

Вай афзуд: дар ин мусобиқа, ки дар сохтумони шӯъбаи маркази таблиғоти Қуръони остони Ҳусайнӣ дар Ҷакарта баргузор шуд, беш аз 200 ширкат кунандаи духтар ва писар ба шакли ҳузурӣ ширкат карданд ва дар поён ба баргузидагон ҷавоизе эҳдо шуд.

Ҳабиб Ҳусайн ибни Ҳомид Ал-Атос, устоди Қуръон бар зарурати пойбандӣ ба Қуръон ва суннат таъкид кард ва аз авлиёи донишомӯзони ширкаткунанда ҳам ба далели кӯмак ба омодагии фарзандонашон ва тарғиби онҳо барои ширкат дар барномаҳои Қуръон қадрдонӣ кард.

 

https://iqna.ir/00HWyI

captcha