Аҳмад Омир, дар хонаводае ба дунё омад, ки ҳамагӣ аҳли Қуръон буданд; Ба гунае, ки падари вай ҷузъи қориёни тавоно ва падарбузурги ӯ низ ҳофизи кулли Қуръон буданд. Хонаводаи Аҳмад Омир аз ҳудуди чаҳорсолагӣ кори ҳифзи Қуръонро бо вай оғоз карданд ва ӯ тавонист дар ёздаҳсолагӣ ҳофизи кулли Қуръон шавад.
Аҳмад Омир дар соли 1306 дар Миср ба дунё омад ва 89 сол зиндагӣ кард. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ инки вай дар 13 солагӣ ба роҳатӣ тиловат мекард ва аҳкоми қироат ва таҷвидро ба хубӣ медонист. Ӯ ибтидо аз равиши қироати устод Абдулфаттоҳ Шуъайшаъ тақлид мекард.
Ҷолиб инки аҳолии рустои маҳалли сукунати Аҳмад Омир, аз 13 солагӣ ба вай лақаби устод дода буданд ва то охири умр низ ӯро устод садо мекарданд.
Аҳмад Омир дар мавриди чигунагии фарогирии Қуръон дар синни поин гуфта буд, ки пас аз ёдгирии аҳкоми таҷвид, ба сӯроғи ёдгирии шеваҳои мухталифи қироати Қуръон рафта ва бо ин шеваҳо ошно шудааст.
Дар мавриди вуруди Аҳмад Омир ба радиои Миср назароти мутафовите вуҷуд дорад; Чароки бархе эътиқод доранд, ки вай дар соли 1956 ва бархе дигар низ эътиқод доранд, ки дар соли 1963 вориди радио шудааст, ки дар воқеъ ҳар ду назар дуруст аст. Эшон соли 1956 дар баробари ҳайати маҳоратсанҷӣ қарор гирифт ва иҷозаи тиловат дар радиёро дарёфт кард, аммо дар он замон ба далели бомбаборони сохтумони радиои Миср дар ҷанг, фаъолиятҳои радио таътил шуд. Ба ҳамин далел аввалин тиловате, ки дар радио анҷом дод, 17 ноябри соли 1963 буд.
Аҳмад Омир дар соли 1958 аввалин сафари хориҷии худро ба ҳамроҳи Халил Ал-Ҳусарӣ ва Абдулҳаким ба Судон анҷом дод. Вай баъдҳо низ ба кишварҳои дигаре монанд Баҳрайн, Ҳинд, Яман, Эрон ва Сурия сафар карда ва тиловатҳои бисёр зебоиро аз худ ба ёдгор мегузорад.
Садои Аҳмад Муҳаммад Омир аз ҷумла қавитарини садоҳое аст, ки то ба ҳол аз қориёни мисрӣ буруз кардааст. Ӯ ҳатто дар синни 88 солагӣ низ бо қудрати комил тиловат мекард. Албатта метавон гуфт, ки ишон сабки вижа ва хоссеро ба сурати мустақил ироа надод ва дар шеваи қироат аз Мустафо Исмоил тақлид мекард.