IQNA

Тарси саҳюнистҳо: Аз паёми Қуръонии Ҳизбуллоҳ + филм

22:58 - October 30, 2023
рақами хабар: 644
Фаластин (ИКНА) расонаи ибрӣ збони "Маорию" дар таҳлилӣ, клипи чанд сонияӣ, аммо маънодори Ҳизбуллоҳи Лубнонро, ки рӯзи гузашта мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифтааст, ҷанги равонии ҷунбиши муқовимати Исломии Лубнон алайҳи Исроил талаққӣ кард.

Ал-Маёдин, ин клипи 12 сонияӣ ба изофаи ояти шарифаи 5 сураи Исроъ аз сӯи дафтари расонаӣ ҷунбиши муқовимати Исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) мунташир шудааст.

Дар ин видео дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дида мешавад, ки дар ҳоли убур аз муқобили парчами Ҳизбуллоҳ бо шиори «حزب‌الله هم الغالبون» (Ҳизб ва ҷамъияти Худо пирӯз аст) аст.

Маънои шиори Қуръонии Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ин шиор низ ояти 56 сураи муборакаи моида буда ва ин оят такмиле барои мазмуни ояти пешин аст «وَ مَنْ یَتَوَلَّ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ وَ الَّذِینَ آمَنُوا فَإِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْغالِبُونَ» "Ва ҳадафи онро таъкид ва таъқиби мекунад ва ба мусулмонон эълом медорад, ки «касоне, ки вилоят ва сарпарастӣ ва раҳбарии Худо ва Паёмбари "Салаллоҳу Алайҳи ва Олиҳ" ва афроди бо имонеро, ки дар ояти қабл ба онҳо ишора шуд бипазиранд пирӯз хоҳанд шуд, зеро онҳо дар ҳизби Худо хоҳанд буд ва ҳизби Худо пирӯз аст».

Дар ин оят қаринаи дигаре бар маънии вилоят, ки дар ояти пеш ишора шуд дида ме‏шавад, зеро таъбир ба «Ҳизбуллоҳ» ва «ғалабаи он» марбут ба ҳукумати исломӣ аст, на як дӯстии содда ва оддӣ ва ин худ мерсонад, ки вилоят дар ояти ба маънои сарпарастӣ ва ҳукумат ва замомдории Ислом ва муслимин аст, зеро дар маънии ҳизб, як навъ ташаккул ва ҳамбстагӣ ва иҷтимоъ барои таъмини аҳдофи муштарак аст.

Дафтари расонаӣ Ҳизбуллоҳи Лубнон ин клипи чанд сонияиро ба инзимоми ояти 5 сураи Исроъ «إِذَا جَاءَ وَعْدُ أُولَاهُمَا بَعَثْنَا عَلَیْکُمْ عِبَادًا لَّنَا أُولِی بَأْسٍ شَدِیدٍ فَجَاسُوا خِلَالَ الدِّیَارِ وَکَانَ وَعْدًا مَّفْعُولًا: "Пас ҳангоме, ки замони ваъдаи нахустини он ду [бартариҷӯӣ] фаро расад, бархе аз бандагони худро, ки сахт ҷангҷӯянд бар зидди шумо бармеангезем то [бар шумо чира шуда ва барои пайдо карданатон] даруни хонаҳоитонро ҷустуҷӯ кунанд [, ки ҳеҷ касро боқӣ нагузоранд] ва ин ваъдаи анҷом шуданӣ аст» мунташир кардааст. 

Шабакаи хабарии Ал-Маёдин дар гузорише ба таҳлили расонаӣ ибрӣ забони Маорию ишора ва тасреҳ кард: сайти хабарии Маорию дар таҳлили ин паёми Қуръонии ҷунбиши Ҳизбуллоҳро ҷанги равонии Насруллоҳ алайҳи Исроил тавсиф карданд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4178652

captcha