Ба гузориши вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ аз ҳузури густурдаи худ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Алҷазоир 2023 ва ироаи тарҷумаи Қуръони Карим ба беш аз 77 забони мухталиф хабар дод. Ин намоишгоҳ рӯзи 25 октябр оғоз шуда ва 10 рӯз идома хоҳад дошт.
Ин вазоратхона тасреҳ кардааст: дар ғурфаи ин вазорат ва бахши ихтисос ёфта ба интишороти маҷмаъи Малик Фаҳд вижаи чопи Қуръони Карим илова бар нусахи Қуръони чоп шуда дар ин марказ, тарҷумаи Қуръони Карим ба беш аз 77 забон низ ироа мешавад. Илова бар ин мароҳили мухталифи чоп ва омодасозии Қуръони Карим дар ин марказ аз мароҳили аввалияи хатотӣ то мароҳили ниҳоӣ низ барои огоҳии боздидкунндагон аз фаъолияти ин марказ, ба намоиш даромадааст.
Эҳдои нусахи Қуръон ба вижа ба ривояти Варш аз Нофеъ, ки ривояти роиҷи дар Алҷазоир аст, дар миёни боздидкунндагон низ бахше аз барномаҳои ғурфаи вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ хоҳад буд.
Дар ғурфаи ин вазорат ҳамчунин бисёре аз апликейшенҳо ва барномаҳои ҳушманди омӯзишии муртабит ба Ҳаҷ ва умури динӣ низ ироа шудааст. Аз ҷумла муҳиммтарини ин барномаҳо метавон ба апликейшени «омӯзиши маносики Ҳаҷ ва умра бо истифода аз фановарии воқеияти маҷозӣ», апликейшени «шаҳодати саҳеҳ» ва барномаи «рушд» ишора кард. Илова бар ин боздидкунндагон метавонанд ба шеваи маҷозӣ аз нусхаҳои хаттии нафиси мавҷуд дар китобхонаи Масҷидулҳаром дар Маккаи Мукаррама боздид кунанд.
Намоишгоҳи байналмилалии китоби Алҷазоир, яке аз муҳиммтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар ин кишвар аст, ки солона баргузор мешавад.