Аввалин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон кишвари Қазоқистон дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим баргузор мешавад ва ба муносибати рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон барномарезӣ шудааст.
Маҳалли баргузории ин рӯйдод масҷиди Ҷумҳурӣ, бузургтарин масҷиди кишвари Қазоқистон аст.
Дар аввалин давраи мусобиқоти Қуръони Қазоқистон ширкаткунандгоне аз кишварҳои Миср, Арабистон, Қатр, Кувайят, Малайзия, Лубнон, Туркия, Русия, Мағриб, Индонезия, Қазоқистон, Эрон ва .... ҳузур доранд.
Ҳамчунин дар гурӯҳи доварии ин мусобиқот ду довар аз кишвари Арабистон, як довар аз Миср ва як довар аз кишвари мизбон ҳузур дорад.
Муҳаммадрасул Такбирӣ, ҳофизи кулли Қуръони Карими Эрон, рӯзи гузашта ҷиҳати ҳузур дар аввалин давраи мусобиқоти Қуръон кишвари Қазоқистон озим ин кишвар шуд.