IQNA

Амнтарин макон барои кӯдакони фаластинӣ куҷост?

23:22 - November 02, 2023
рақами хабар: 654
Фаластин (ИКНА) аз моҳи қабл, ки даргирии Ҳамос ва режими саҳюнистӣ шурӯъ шудааст, Исроил ба манотиқи маскунӣ, дармонӣ ва мадориси шаҳри Ғазза шадидтарин ҳамалотро анҷом додааст ва ҳеҷ ҷойи амне барои сокинони Навори Ғазза вуҷуд надорад. Тибқи гузоришҳо то имрӯз ҳудуди 3500 кӯдаки фаластинӣ тайи ин айём ба шаҳодат расиданд.

Дар нишасте, ки бомдоди рӯзи сешанбе, дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, мудири Ожонси UNRWA гуфт: дар тули сеҳафта аз ҷанг як миллион нафар аз сокинони Навори Ғазза яъне ниме аз ҷамъияти он овора шудаанд ва ин афрод аз шимол ба ҷануби ин минтақа рафтаанд.

Ҳамчунин Риёзмансур, намояндаи ташкилоти худгардони Фаластин дар Созмони Милал тайи суханоне дар ин нишаст гуфт: ҳеҷ ҷойи амне барои сокинони Навори Ғазза вуҷуд надорад ва ниме аз сохтумонҳои тахриб шудааст. Токунун 3500 кӯдак фаластинӣ қурбонӣ шудаанд, ин бидон маъност, ки дар ҳар соат 12 кӯдак дар Ғазза кушта мешаванд ва ҳазорон фаластинӣ низ дар хатари марг ҳастанд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4179006

captcha