IQNA

Намоиши копияи нусхаи арзишманд аз Қуръон дар намоишгоҳи китоби Шарҷа

18:32 - November 07, 2023
рақами хабар: 677
Туркия (ИКНА) копияи нусхаи нафис аз Қуръони Карим марбут ба қарни дувуми ҳиҷрӣ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа ба намоиш даромадааст.

Нусхае аз Қуръони музеи Топкапи Туркия, ки қидмати он ба қарни дувуми ҳиҷрӣ (қарни ҳаштуми мелодӣ) мерасад, дар чиҳил ва дувумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа (SIBF) ба намоиш гузошта шудааст.

Тоҳо Зоҳид, ки дар маркази таҳқиқоти таърих, ҳунар ва фарҳанги исломии Туркия (IRCICA), кор мекунад, гуфт: музаи қасри Топкапӣ дар Истамбули Туркия, ин нусхаи хаттиро, ки ба таври суннатӣ ба даврони халифаи севум Усмон ибни Афон (656 мелодӣ) нисбат дода мешавад, дар худ ҷой додааст.

Тоҳо Зоҳид афзуд: мо копияи яке аз қадимитарин Қуръонҳоро ба намоиш гузоштем; Нусхаи аслӣ дар музаи Кохи Топкапӣ нигаҳдорӣ мешавад ва аз онҷое, ки ин копия аз рӯйи нусхаи аслӣ гирифта шудааст, кайфияти болое дорад.

Вай афзуд: бархе аз нусхаҳои мунҳасир ба фарди Қуръон марбут ба даврони нигориши ин нусха, дар музаи Топкапӣ Истамбул, дар Узбакистон, Қоҳира ва музеи Лондон вуҷуд дорад.

Вай гуфт: агар касе бихоҳад онро бихарад, мо онро мефурӯшем ва қимати он дар ҳудуди 13000 дирҳам (ҳудуди 210 миллион тумон) аст. Мо ду нусха аз ин (копияҳо)-ро барои намоишгоҳи китоби Шарҷа ба Иморот дорем. Яке аз ин нусхаҳои маҳдуди Қуръон қаблан фурӯхта шудааст. Бисёре аз музейҳо ва китобхонаҳо ба хариди ин асар алоқа нишон медиҳанд.

Вай афзуд: таҷзия ва таҳлили мусҳафи Топкапӣ нишон медиҳад, ки ба хатти куфӣ такомулёфта навишта шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4180363

captcha