IQNA

Сураҳои Қуръон / 106

Ишораи Қуръон ба зиндагии қабилаӣ

14:40 - November 08, 2023
рақами хабар: 678
Теҳрон (ИКНА) зиндагии қабилаӣ вижагиҳои хосси худро дорад. Ин навъ зиндагӣ ҳар чанд ибтидоӣ ва ба дӯр аз имконот буд, аммо муҳиммтарин вижагии он, иртиботи самимӣ миёни афроди қабила буд.

Саду шашумин сураи Қуръони Карим “Қурайш” ном дорад. Ин сура бо 4 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Қурайш”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул бисту нӯҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Азизи Ислом (с) нозил шудааст.

Дар аввалин ояти ин сура, ба қабилаи Қурайш ва мавзӯъи сафарҳои тобистонӣ ва замистонии Қурайш ишора шудааст; Барои ҳамин ин сураро “Қурайш” номидаанд. Танҳо сурае, ки ба қабилаи Қурайш ишора шуда, ин сура аст. Қабилаи Қурайш, яке аз машҳуртарин ва муҳиммтарин қабоили Араб буд, ки ҳазрати Муҳаммад (с), Паёмбари Ислом аз афроди ин қабила буд.

Бисёре аз муфассирони Қуръони Карим, ин сураро идомаи сураи “Фил” донистаанд. Сураи “Фил” ба таҳдиди душманон ва талоши онҳо барои нобудии Каъба ишора мекунад, аммо дар ин сура ба оромише, ки қабилаи Қурайш дар Макка ба дастоварда ишора мешавад; Оромише, ки боис шуд то Паёмбари Ислом (с) аз ин қабила зуҳур кунад, ба мақоми паёмбарӣ бирасад ва дини Исломро густариш диҳад.

Дар ояти дувуми ин сура ба сафарҳои замистонӣ ва тобистонии Қурайш ишора шудааст. Зиндагии қабилаи Қурайш бо ду сафари тобистонӣ ва замистонӣ ба сарзамини Яман ва Шом (Сурияи феълӣ) пеш мерафт. Ин афрод аз Макка пӯст ва маҳсулоти дарёӣ ва колоҳое, ки дар соҳили дарё холи мешудро ба Шом мебурданд, ва дар Шом либос ва орд ва ҳубуботро мехариданд. Ҳамин мусофиратҳо боис мешуд илова бар ба дастовардани ниёзҳои зиндагӣ, ваҳдат ва дӯстӣ дар байнашон бештар ва маҳкамтар шавад.

Албаттаи Худованд баъд аз инки ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба мақоми Паёмбарӣ расонд, Қурайшро аз сафар кардан бениёз кард чаро, ки бо ҳузури Паёмбари Ислом (с) дар Макка, мардум аз сарзаминҳои мухталиф ба самти ин шаҳр меомаданд то илова бар дидор бо Паёмбар (с), маҳсулот ва колоҳои худро низ мефурӯхтанд ва ингуна мардуми Макка ҳарчи ниёз доштандро мехариданд.

Қарор гирифтани Каъба дар Макка боис шуд то неъматҳои зиёде ба қабилаи Қурайш бирасад барои ҳамин дар ин сура таъкид шудааст, ки Қурайш бояд Парвардигори ин хонаро ибодат кунад ҳамон Худованде, ки онҳоро аз гуруснагӣ наҷот дод ва ғизо дар ихтиёрашон гузошт ва онҳоро аз ноамнӣ наҷот дод.

Аз яксу тиҷорати онҳоро густариш дод ва ҳарчи ниёз доштандро дар ихтиёрашон қарор дод ва аз сӯи дигар амниятро дар сарзаминашон эҷод кард.

 

captcha