IQNA

Дуздии Қуръони камёби Масҷидулақсо аз сӯи саҳюнистҳо + акс

6:38 - November 13, 2023
рақами хабар: 696
Марокаш (ИКНА) Набила Муниб, намояндаи парлумони Марокаш хабари дуздии як нусхаи Қуръон камёби марокашӣ аз Масҷидулақсо аз сӯи аносири режими саҳюнистиро фош кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Набила Муниб, намояндаи парлумони Марокаш, фош кард, ки режими саҳюнистӣ як Қуръони камёби Марокаширо, ки аз ҷониби яке аз салотини ин кишвар вақфи Масҷидулақсо шуда буд, аз ин масҷид ба сирқат бурдаанд. Ӯ аз вазири авқофи хостааст, иттилооте дар бораи сарнавишти ин Қуръон ба маҷлис ироа кунад.

Набила Муниб, тасреҳ кард: ин Қуръон аз сӯи султон Абулҳасан Ал-Маринӣ вақфи Масҷидулақсо шуда ва ба хатти худи султон ва бо оби тило навишта шудааст, аммо режими саҳюнистӣ пас аз ишғоли Қудс онро ба сирқат бурдааст ва дар «архиви саҳюнистӣ китобхонаи миллии Исроил» нигаҳдорӣ мекунад.

Ин суханон дар ҷараёни ҳузури Аҳмад Ал-Тавфиқ, вазири авқоф ва умури исломии Марокаш дар парлумони ин кишвар ба манзури баррасии будҷаи фаръии ин вазорати авқоф матраҳ шуд.

Аҳмад Ат-Тавфиқ дар посух ба ин савол изҳор беиттилоӣ кард. Вазири авқоф бо баёни инки ин Қуръон дар хизонаи Масҷидулақсо қарор дошта, ки акнун таҳти тавлияти Урдун қарор дорад, хотирнишон кард: султон Абулҳасан Ал-Маринӣ 5 нусха аз Қуръонро ба дасти худ китобат карда ва ин нусахро ба Масҷидулҳаром дар Макка, Масҷидуннабӣ дар Мадина, Масҷидулақсо ва масҷиде дар Чин эҳдо кардааст, аммо ҳеҷ кас намедонад ин нусахи Қуръон дар куҷо нопадид шудааст.

Вай хотирнишон кард: 6 нусха аз рӯйи ин Қуръони таърихӣ дар 1930 нусхабардорӣ шудааст.

Аҳмад Ат-Тавфиқ афзуд: ин мерос барои мо арзиши зиёде дорад ва мо солҳо пеш як ширкати Утриширо маъмур кардем, ки аз 4 ҷилди ин Қуръон аксбардорӣ кунад ва мо ба ин мероси худ ифтихор мекунем.

سرقت قرآن نادر مسجدالاقصی از سوی صهیونیست‌ها + عکس

Бар асоси манобеъи таърихӣ, султони марокашӣ Алӣ Абулҳасан Ал-Маринӣ, ҳафт қарн пеш Қуръонеро ба хатти худ китобат ва ба Масҷидулақсо тақдим кард. Эҳдои ин Қуръон нишонаи иртиботи таърихии Марокаш бо Қудс ва Масҷидулақсо аст.

سرقت قرآن نادر مسجدالاقصی از سوی صهیونیست‌ها + عکس

Ин Қуръон дар Масҷидулақсо дар ончи ба «Рубъи мағрибӣ» номида мешавад, нигаҳдорӣ мешавад. Ин «Рубъ» иборат аз сандуқи мураббаъ шакл аз чӯби Абнӯс аст, ки бо нуқра тазъин ва ба чанд бахш тақсим шудааст ва 30 ҷузъи Қуръонро ба изофаи варақҳои муртабити ба вақф ба сурати муҷаззо дар ин ҷаъба нигаҳдорӣ мешавад.

سرقت قرآن نادر مسجدالاقصی از سوی صهیونیست‌ها + عکس

https://iqna.ir/fa/news/4181153

captcha